Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба дасти чапаш-бар – яке мӯбаде,
Суи росташ – номвар бихраде.

Яке пеши Сом омадӣ з-он ду мард,
Забон баркушодӣ ба гуфтори сард,

Ки «Эй марди бебоки нопокрой,
Зи дида бишустӣ ту шарми Худой!

Туро доя гар мурғ шояд ҳаме.
Пас ин паҳлавонӣ чи бояд ҳаме?

Гар оҳустбар мард мӯи сапед,
Туро ришу сар гашт чун барги бед,

Ҳам ону ҳам ин Эзадат ҳадя дод,
Ҳаме гум кунӣ ту ба бедод дод,

Пас аз офаринанда безор шав,
Ки дар тан-т ҳар рӯз рангест нав!

Писар гар ба наздики ту буд хор,
Мар-ӯ ҳаст парвардаи Кирдгор,

К-аз ӯ меҳрубонтар варо доя нест,
Туро худ ба меҳр-андарун поя нест!»

Ба хоб-андарун бархурӯшид Сом,
Чу шери жиён, к-андарояд ба дом,

Битарсид з-он хоб, к-аз рӯзгор
Набояд, ки бинад бад омӯзгор,

Чу бедор шуд, бихрадонро бихонд,
Сарони сипаҳро ҳама барнишонд,

Биомад дамон сӯи он кӯҳсор,
Ки афкандаи худ кунад хостор.

Сар андар Сурайё яке кӯҳ дид,
Ту гуфтӣ, Сурайё бихоҳад кашид.

1
Нишеме аз ӯ баркашида баланд,
Ки н-ояд зи Кайвон бар ӯ-бар газанд.

Нишем – нишеман; лона; ҷой.

пешина
аз 345
навбатӣ