Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз ӯ номи Заҳҳок чун хок шуд,
Ҷаҳон аз бади ӯ ҳама пок шуд.

Гусиста шуд аз хешу пайванд ӯй,
Бимонда ба кӯҳ-андарун банд ӯй.

Ба кӯҳ-андарун ҷои тангаш гузид,
Нигаҳ кард, ғоре – бунаш нопадид,

1
Биовард мисморҳои гарон
Ба ҷое, ки мағзаш набуд андар он,

Фурӯ баст дасташ бад-он кӯҳ боз,
Бад-он, то бимонад ба сахтӣ дароз.

Бимонд ӯ бар ин гуна – овехта
В-аз ӯ хуни дил бар замин рехта.

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

Ҳамон ганҷу динору кохи баланд
Нахоҳад будан мар-туро судманд.

Сухан монад аз мо ҳаме ёдгор,
Суханро чунин хормоя мадор!

Фаридуни фаррух фаришта набуд,
Зи мушку зи анбар сиришта набуд,

Ба доду диҳиш ёфт он некуӣ,
Ту доду диҳиш кун, Фаридун туӣ!

Фаридун зи коре, ки кард эзадӣ,
Нахустин ҷаҳонро бишуст аз бадӣ.

Яке пештар банди Заҳҳок буд,
Ки бедодгар буду нопок буд

Ва дигар, ки кини падар бозхост,
Ҷаҳон вижа бар хештан кард рост.

Мисмор – мех.

пешина
аз 345
навбатӣ