Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Се дигар, ки гетӣ зи нобихрадон
Биполуду бистад зи дасти бадон.
Ҷаҳоно, чи бадмеҳру бадгавҳарӣ,
2
Ки худ парварониву худ бишкарӣ,
Нигаҳ кун, куҷо Офаридуни гурд,
Ки аз пир Заҳҳок шоҳӣ бибурд,
Бибуд дар ҷаҳон панҷсад сол шоҳ,
Ба охир шуду монд аз ӯ ҷойгоҳ,
Бирафту ҷаҳон дигареро супурд,
Ба ҷуз ҳасрат аз даҳр чизе набурд.
Чунинем яксар кеҳу меҳ ҳама,
Ту хоҳӣ, шубон бош, хоҳӣ рама.
АЗ ДОСТОНИ ФАРИДУН
РАФТАНИ ЭРАҶ НАЗДИ БАРОДАРОН
Яке нома бинвишт шоҳи замин
Ба Ховархудою ба солори Чин.³,⁴
Сари нома кард офарини Худой,
Куҷо ҳасту бошад ҳамеша ба ҷой.
Чунин гуфт, к-«Ин номаи пандманд
Ба назди ду хуршеди гашта баланд,
Ду сангӣ, ду ҷангӣ, ду шоҳи замин,
Яке – шоҳи Ховар, яке – шоҳи Чин.
Аз он кас, ки ҳар гуна дид ӯ ҷаҳон,
Шуда ошкоро бар ӯ-бар ниҳон,
Гирояндаи теғу гурзи гарон,
Фурӯзандаи номдор афсарон,
Намояндаи шаб ба рӯзи сапед,
Кушояндаи ганҷи биму умед,
1
Бистад (бистуд) – ситонид, гирифт.
2
Бишкарӣ – бишканӣ, аз миён бибарӣ.
Ховархудой – шоҳи Ховар Салм, писари Фаридун.
Солори Чин – солори туркони Чин, шоҳи Тӯрон, Тӯроншоҳ, Тӯр, писари Фаридун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё