Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

В-агарна ман эдар ҳамебудаме,
Басе бо шумо сол паймудаме!»

Меҳон пеши ӯ хок доданд бӯс,
Зи даргоҳ бархост овои кӯс.

Ҳама шаҳр дида ба даргоҳ-бар,
Хурӯшон бар он рӯзи кӯтоҳ-бар,

Ки то аждаҳоро бурун оварид
Ба банди каманде, чунон чун сазид.

Дамодам бурун рафт лашкар зи шаҳр
В-аз он шаҳр ноёфта ҳеч баҳр,

Бибурданд Заҳҳокро баста хор,
Ба пушти ҳаюне барафканда зор.²

Ҳаме ронд аз ин гуна то Шерхон,
Ҷаҳонро, чу ин бишнавӣ, пир хон.

Басо рӯзгоро, ки дар кӯҳу дашт
Гузаштасту бисёр хоҳад гузашт.

Бад-он гуна Заҳҳокро баста даст,
Сӯи Шерхон бурд чун пили маст,

Ҳамеронд ӯро ба кӯҳ-андарун,
Ҳамехост кардан сарашро нагун,

Биомад ҳамон гаҳ хуҷаста сурӯш,
Ба чарбӣ яке роз гуфташ ба гӯш,

Ки «Ин бастаро то Дамовандкӯҳ
Бибар, ҳамчунин тозиён, бегурӯҳ.

Мабар ҷуз касеро, ки нагзирадат,
Ба ҳангоми сахтӣ ба бар гирадат!»

Биовард Заҳҳокро чун наванд,
Ба кӯҳи Дамованд кардаш ба банд.

Чу банде бар он банд бифзуд низ,
Набуд аз бади бахти ӯ монда чиз.

Эдар – ин ҷо; акнун.
Ҳаюн – асп; шутур; саворӣ.

пешина
аз 345
навбатӣ