Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Набояд, ки бошед бо сози ҷанг,
На з-ин бора ҷӯяд касе ному нанг!

Сипоҳӣ набояд, ки бо пешавар
Ба як рӯй ҷӯянд ҳарду ҳунар,

Яке корварзу дигар гурздор,
Сазовори ҳар кас падид аст кор.

Чу ин кори он ҷӯяд, он кори ин,
Пурошӯб гардад саросар замин!

Ба банд-андар аст, он ки нопок буд,
Ҷаҳонро зи кирдори ӯ бок буд.

Шумо дер монеду хуррам бувед,
Ба ромиш суи варзиши худ шавед!»

Шуниданд мардум суханҳои шоҳ
Аз он пурҳунар марди бодастгоҳ

В-аз он пас ҳама номдорони шаҳр,
Касе, к-аш буд аз ганҷу аз ном баҳр,

Бирафтанд бо ромишу хоста,
Ҳама дил ба фармонаш ороста.

Фаридуни фарзона бинвохт-шон,
Зи роҳи хирад пойгаҳ сохт-шон,

Ҳаме пандашон доду кард офарин,
Ҳаме ёд кард аз ҷаҳонофарин.

Ҳаме гуфт, к-«Ин ҷойгоҳи ман аст,
Ба фол ахтари буматон равшан аст,

Ки Яздони пок аз миёни гурӯҳ
Барангехт моро зи Албурзкӯҳ

Бад-он то ҷаҳон аз бади аждаҳо
Ба фарру ба гурзи ман ояд раҳо.

Чу бахшоиш овард некидиҳаш,
Ба некӣ бибояд супурдан раҳаш.

Манам кадхудои ҷаҳон сарбасар
Нашояд нишастан ба як ҷой-бар

пешина
аз 345
навбатӣ