Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бидид, он сияҳнаргиси Шаҳрноз
Пур аз ҷодуӣ бо Фаридун ба роз,

Ду рухсора рӯзу ду зулфаш чу шаб,
Кушода ба нафрини Заҳҳок лаб.

Бидонист, к-он кор ҳаст эзадӣ,
Раҳоӣ наёбад зи дасти бадӣ.

Ба мағз-андараш оташи рашк хост,
Ба айвон каманд андарафканд рост.

На аз тахт ёду на ҷон арҷманд,
Фуруд омад аз боми кохи баланд.

1
Ҳамон тезханҷар кашид аз ниём,
На бикшод розу на баргуфт ном.

Ба чанг-андараш обгун дашна буд,
Ба хуни паричеҳрагон ташна буд.

Зи боло чу пай бар замин барниҳод,
Биомад Фаридун ба кирдори бод,

Бад-он гурзаи говсар даст бурд,
Бизад бар сараш, таркро кард хурд.

Биомад сурӯши хуҷаста дамон,
«Мазан, – гуфт, – к-ӯро наомад замон,

Ҳам эдун шикаста бибандаш чу санг,
Бибар, то ду кӯҳ оядат пеш танг,

Ба кӯҳ-андарун беҳ бувад банди ӯй,
Наояд бараш хешу пайванди ӯй!»

Фаридун, чу бишнид, н-осуд дер,
Каманде баророст аз чарми шер,

Ба банде бибасташ ду дасту миён,
2
Ки накшояд он банд шери жиён.

Нишаст аз бари тахти заррини ӯй,
Биафканд нохуб оини ӯй.

Бифармуд кардан ба дар-бар хурӯш,
Ки «Эй номдорони бисёрҳуш,

Ниём (наём) – ғилоф.
Жиён (жаён) – хашмӣ, ваҳшӣ.

пешина
аз 345
навбатӣ