Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Зи деворҳо хишту аз бом санг,
Ба кӯй-андарун теғу тири ҳаданг
Биборид чун жола з-абри сиёҳ,
Касеро набуд бар замин ҷойгоҳ.
Ба шаҳр-андарун ҳар ки барно буданд,
Чу пирон, ки дар ҷанг доно буданд,
Суи лашкари Офаридун шуданд,
Зи найранги Заҳҳок берун шуданд.
1
Зи овози гурдон битӯфид кӯҳ,
Замин шуд зи наъли сутурон сутӯҳ,
Ба сар-бар зи гарди сияҳ абр баст,
Ба найза дили санги хоро бихаст.
Хурӯше баромад зи оташкада,
2
Ки бар тахт агар шоҳ бошад дада,
Ҳама пиру барно-ш фармон барем,
Якояк зи фармони ӯ нагзарем,
Нахоҳем бар гоҳ Заҳҳокро,
Мар-он аждаҳодӯши нопокро!
Сипоҳиву шаҳрӣ ба кирдори кӯҳ
Саросар ба ҷанг-андарун ҳамгурӯҳ.
Аз он шаҳри равшан яке тира хок
Баромад, ки гум гашт хуршед пок!
Ҳам аз рашк Заҳҳок шуд чораҷӯй,
Зи лашкар суи хок бинҳод рӯй,
Ба оҳан саросар бипӯшид тан,
3
Бад-он, то надонад кас аз анҷуман,
Баромад якояк ба кохи баланд,
Ба даст-андарун шастёзӣ каманд.⁴,⁵
1 Тӯфидан – ларзидан.
2 Дада – дад, ҳайвони ваҳшӣ.
3 Бад-он – барои он ки, то ки.
4 Ёз – воҳиди дарозӣ, аз сари ангуштон то оринҷи даст.
Каманд – арғамчине, ки нӯгаш ҳалқадавак дошт ва барои гирифтани сайд ё душман истифода мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё