Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба роҳ баромаданд. Вазъи роҳи деҳаи Сафедоб, ки онро
Мағмуруд ҳам гӯем саҳв намешавад, ба ҳама маълум. Пастию баландӣ, бештар рӯ ба баландӣ, ба кӯтал, ҳамвор не. Дар замони шӯравӣ ҳам онро он қадар ҳамвору мумфарш накарда будаанд, ки мардум имрӯз беозор мошин ҳай кунанд. Албатта, Сафедоб, ки онро болообу деҳаҳои қатори баъди онро поёноб ҳам мегӯянд, аз Шоҳмансури онҳо он қадар дур не, вале роҳ бисёр ноҳамвор, аз деҳаи Теппаи Самарқанд баландиҳо сар мешавад. Ҳар гуна мошин ҳам, ки бошад муҳарикаш метафсад, обаш меҷӯшад. Нексии Шоҳпур андаке рафта, аз роҳ мемонд, то тафси муҳаррик баромадан, ба он зуд-зуд об мерехтанд. Ҳар боре аз мошин мефаромаданд, оҳу фиғони модар ба осмон, мошинро дуои бад мекард, аз ҳамроҳонаш безорӣ, ки бисёрӣ ба он часпидаанд, борашро вазнин кардаанд, як лаҳзаи аз роҳ мондан ҳам барояш ногувор, вақт аз даст меравад, дер мешавад. Лутфияаш он ҷо дар чи ҳолу вай ҳанӯз дар роҳ, марги ҳамин роҳу ҳамин деҳаи Сафедоб: «Ба хок рӯи Сафедоб, номаш дар гӯр, Сафедоб не, сиёҳоб, балооб, рӯзашро сиёҳ кардааст. Кош ҳамин деҳа намебуд, ки духтараш ба ин ҷо намеомад». Ба хотираш зад, ки деҳа мазор дорад, мазори Мағмуруд, мардум ба зиёраташ меоянд. Аз гуфтааш пушаймон «тавба кардам, тавба», даст ба гиребони куртааш бурд. Тавсифи деҳаи Сафедобро бисёр шунидааст. Он дар миёни кӯҳ, чинорҳояш беҳисоб, садсолаҳо умр доштаанд, шоху навдаҳояшон то ба теғаҳои баланди куҳ расида, обаш мусаффо, широсо. Шояд барои ҳамин ҳам онро Сафедоб номидаанд. Об аз баландӣ мефарояд, як танаи одам барин об.
Танаи кӯҳро об хӯрда карда, пайроҳа кушода. Аз он одамон якнимаву якпара шуда ба даруни кӯҳ даромада мераванд. Садои шаршара сеҳрангез, мардум афсун мешаванд. Лаҳзаҳои фароғату роҳати асабҳо, лаҳзаҳои осудагии ҷисму ҷон. Агар беморе бо умеди шифо қадам ба ин ҷо ниҳад, худро фориғ аз дарду ранҷ ҳис менамояд.
Сафедоби даруни кӯҳ деҳаи хурдакак, як панҷаи одамӣ барин, ки дур аз шаҳрҳо, аз деҳаҳои сераҳолӣ, дур аз ғалоғулаю дуду чангу ғубор ва аз ихтироъҳои зараровари инсонҳо. Хуб шуда, ки ин тавр монда. Мисли қадима урфу одат, анъанаҳо, хешию таборӣ, қудогию андагӣ, меҳмонию меҳмондорӣ, меҳрубонӣ ба ҳамдигар.

пешина
аз 234
навбатӣ