Ишқи сархӯр

Се нафар – Исфандиёр, Лутфия ва Гулнора дасти ҳамдигар дар даст рӯ ба офтоб меистоданд, офтоб миёни осмон меомад.
– Чӣ гап? Ин чӣ хунохасмӣ? – Бобои Ӯзбакхоҷа хешовандонро дар хонаи ҷиянаш Меҳринисо ором кунондан хост.
– Тағо, тағоҷон, Лутфияам, Лутфия, – алами модари Лутфия тоза гашта даст ба гардани тағо андохта фиғон кашид: – Духтарам, во духтаракам, тағош.
– Ист, як тараф ист, Меҳринисо, – бобои Ӯзбакхоҷа дасти ӯро аз гардан раҳо намуда пурсид:
– Ту чӣ мегӯӣ?
– Духтарам, тағоҷонаш, худамро мекушам, гуфта шаб баромада рафт, рӯям сиёҳ шуд. Қоматам шикаст, тағоҷонаш, чӣ кор кунам, сарамро ба куҷо занам?
– Меҳринисо, ту нияти бад накун, аз аспи ҷаҳл фаро, худатро ба даст гир, астағфироллоҳ гӯй, тавба кардам гӯй. Ман ҳозир аз пеши духтарат омадам, аз пеши Лутфия омадам.
«Аз пеши Лутфия омадам» – гуфтани бобои Ӯзбакхоҷа гӯё ҳарфҳое буданд, ки мисли сатил-сатил оби сард, ба сари ҷанҷоли алангадори хешовандон рехта шуданд, ҳама ба худ
1 омаданд, гӯшҳо ба тарафи бобои Ӯзбакхоҷа чур22F гаштанд. Ба бадани модар ҷон даромад.
– Чӣ гуфтед, тағо? Дар забонатон бимирам, аз пеши Лутфия омадам гуфтед?
– Ҳа, шаб хоб нарафта дар роҳ будам, мошин нашуд, пиёда омадам.
– Духтарам зинда?! Вай дар куҷо? Гап занед, тағоҷон, гап занед, тезтар гап занед, дилам мекафад, гап занед.
– Вай дар Сафедоб, дар хонаи Сархӯр.
– Вай барои чӣ Сафедоб рафтааст, кӣ вайро Сафедоб бурдааст? Баъд, ин Сархӯри мегуфтагии шумо кӣ? Духтарам дар Сафедоб чӣ мекунад? Чува он ҷо рафтааст, чӣ гап? Чӣ бало аст, ки ба сари ман омадааст?
- Ба маънои нигаронда шудан – Сабр кун, Меҳринисо, тоқат кун, ҳамаашро мефаҳмонам, гап бисёр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё