Ишқи сархӯр

Тағоям гуфтанд, ки ҷанозаатро худашон хондаанд.
Сӯхтам, худамро пучида-пучида гирифтам, ки ту мурдаю ман зинда. Шаб саҳар нашуда дари хонаи Исфандиёрро шикаста баромадам, саркану покан давидам, дар хаёле, ки зудтар, ҳарчӣ зудтар ба сари гӯрат расам, худамро дар болои гӯрат нобуд созам, ба аҳдам вафо намоям. Аз бероҳаҳо роҳ гирифтам, ба Исфандиёр гӯш надодам, ки роҳ ба дигар тараф аст, мегуфт. Вай ҳам аз бероҳаҳо аз пасам меомад, маро танҳо нагузошт. Борон, жола, ҳаво тираю тор, сел меомад. Дар хаёле, ки ҳар чӣ зудтар селобро убур намоям. Ба даруни селоб даромадам. «Надаро, ғарқ мешавӣ, надаро!» – фарёд бардошт Исфандиёр. Гӯш надодам, аз роҳам нагаштам. Марди мардон будааст вай, аз пасам рӯ ба марг, ба селоб даромад, аз ҷони худаш ҷони ман барояш азизтар. Маро ба пушторааш гирифт.
Ба дарунтари селоб қадам монд, пеш рафта наметавонист, селоб ӯро ба худ мекашид, об ӯро мепечонд, пояш ба чуқурӣ рафт, дар ҷояш истод, таваққуф кард, шояд ақиб гаштанӣ буд, «ақиб нагард» беақлона фармоиш додам. Ба дарунтари селоб даромад, миёнаш хам зад, қарибе афтод, бақувват будааст, боз рост шуд, соҳил наздик, селоб пуртуғён, обаш меафзуд, садояш ваҳмовар мегашт, аниқ, ки лаҳзае пас сари роҳаш чизе намонда ҳамаро фурӯ кашида, мебурд.
Натарс, чашмонатро пӯш, боз андаки дигар монд, натарс, ҷонам, натарс, ҷонакам, – гӯён меҳрубониам карда, бо дастонаш маро сахттар медошт, пойҳоям ба миёнаш мепечид.
«Сахттар дор, сахттар!» гуфтанаш дар гӯшам, лаҳзае пас «фаро!», овоз баровард, аз пушташ фаромадам, танаи як дарахтро дошта ба селоб, ба Исфандиёр назар андохтам. Дилам ба замин зад, ҳушам канд. Дарахти чинор, ки дасти Исфандиёр дар як навдаи он буд, решагардон шуд, дарахт ва Исфандиёрро об бурд. Мешунидам, ки дар ҳамин ҳол ҳам мегуфт:
– Мебиёям, интизор шав, туро меёбам. Исфандиёр меояд, вай меояд – Лутфия бо овози баланд ба Фахрӣ ва Мӯниса мегуфт: – Вай меояд. Ман аз они вай, аз Исфандиёр, вай мард.
Вай барои ман ғарқ шуд, барои ман! Ту, – ангушташро чун тир ба ҷониби Фахрӣ рост намуд, – номард, мард нестӣ, ҳазор забон дорӣ, дар пеши пой меафтӣ, қасам мехӯрӣ, нолаю зорӣ мекунӣ, роҳи фиреби духтарҳоро ёфтаӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё