Ишқи сархӯр

Акнун чӣ гап мешавад? Фахрӣ чӣ кор мекунад? Чӣ ҷавоб медиҳад?» Саргуму ҳайрон худро ба ақиб кашид, ба паси дарахти сарсабзи болои як гӯр гузашт. Мӯниса тарафи қабр, тарафи Лутфия рафт.
– Лутфия, ҳой, Лутфия, ту ҳастӣ? – Номи ӯро ба забон овард Мӯниса.
– Мӯниса? – Овози Лутфия ҳам суоломез буд.
– Ҳа, ман.
– Ту ҳам омадӣ? Шарм намедорӣ? Қадратро дон, хоки замин нашав, номус дорӣ? Дар зиндагиаш аз ту безор буд, аз пасаш медавидӣ, ба вай мемурдиву мезистӣ, садқаю бандааш мешудӣ, ба ту нигоҳ мекард? Чӣ гуфта сари гӯраш омадӣ? Ба чӣ ваҷҳ?
– Худат чӣ гуфта омадӣ? Намурдӣ?
– Зинда мондам. Лекин ба аҳдам вафо мекунам, худамро дар болои гӯраш мекушам, хоки гӯраш мешавам, ҳамроҳ мешавем, мемурамаш.
– Дар болои гӯри кӣ худатро мекушӣ? Хоки гӯри кӣ мешавӣ, барои кӣ мемурӣ? – Мӯниса баланд хандид.
– Барои Фахрӣ мемурам, хоки гӯри Фахрӣ мешавам, барои вай худамро мекушам.
– Девона шудаӣ ту, девона, вай гӯри кӣ?
– Гӯри Фахрӣ, Фахрии худам, надидаю нашунида бошӣ, бин, шунав.
– Дилам барои ту месӯзад, ҳайф шудаӣ. Ақлат коҳидааст, вай гӯри Фахрӣ не, гӯри Ноилаи духтари холаат аст, дина дар ҳамин ҷо вайро гӯронданд, дина.
– Ҳамин ҷо ҳам дурӯғ мегӯӣ? Маро фиреб медиҳӣ? Тағоям гуфтанд, ки худашон ҷанозаи Фахриро хондаанд, худашон вайро дар паҳлуи гӯри модаркалонам дар хок мондаанд, нафаҳмида бошӣ фаҳм.
– Тағоят Ноиларо дар хок монданд, Фахрӣ зинда, вай намурдааст, вай худашро барои ту аз ҷар напартофтааст, вай дар дили ту васваса андохт, ки худатро аз ҷар партоию халос шавад. Хабари мурдаатро дар хонаатон шуниданд, қиёмат, фиғон, нола, рӯйканию мӯйканӣ, хез хонаатон рав, дигар Фахрӣ нагӯй, вай акнун аз они ман, Фахрии ман, никоҳ кардем, мо акнун зану шавҳар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё