Ишқи сархӯр

Ҳамин ҳангом чашмонаш кушода шуданд, ки Маҳрамро дид. Вай наздики болини падари Санам нишаста, даст дар пешонаи ӯ фарзандвор меҳрубонӣ мекард.
– Э, бача, э, касофат, ту ин ҷо чӣ мекунӣ? – ва ба Маҳрам дарафтод.
– Ман, хола, ҳамроҳи Санам омадам, мо ҳамроҳ падарро аз ғор баровардем. Мою Санам ҳамроҳ будем, ба Худо ҳамроҳ будем, – Маҳрам ба Гулрез фаҳмондан мехост, ки онҳо шавҳари ӯро аз марг раҳонданд, ҳатто аз Гулрез шодиёна, туҳфа гирифтан мехост.
– Медонӣ шавҳари ман кӣ? – Бо оташинӣ пурсид Гулрез аз Маҳрам.
– Падари Санам, падари ман ҳам.
– Падари ман ҳам мегӯӣ?
– Ҳа, падари Санам.
– Хусурам гӯй, ту домод, шавҳари духтари беникоҳи вай, аз чақалоқиаш ӯро даст-даст карда, калон кардӣ, шабурӯз дар дашту биёбонҳо ҳамроҳат гардондӣ, рӯирост бо вай гаштӣ, духтариаш намонд, ному нишонаш намонд, овозааш ба олам, шарманда! Баъд шунидем, ки вай пирхари язнааш, бобои Асадулло аз гапи мардум тарсида дону нодон сураи Алҳамдро хонда шумоёнро никоҳ кардааст. Акнун медонӣ чӣ, – Гулрез аз каштали ҷомаи Маҳрам гирифт. – Медонӣ чӣ, ту акнун як гап мегӯӣ.
– Чӣ гӯям? – Маҳрам дар ҳайрат афтод.
– Ҳамин ҳозир, дар пеши ҳамаи мо медонӣ чӣ мегӯӣ?
– Чӣ гӯям, хола?
– Санамро се талоқ кардам гӯй, аз баҳраш гузаштам гӯй.
Мехоҳам ин духтари дада аз хонаи ман бева шуда равад, номи бевагӣ гирифта равад, баъд фаҳмад, ки бевагӣ чӣ рӯз будааст.
Бева шавад, беваи ёшакак, тарак, Худоё ҳамин хел шавад!
Шунидӣ чӣ гуфтам?
Ақли Маҳрам ба сар омад, ки худашро ба даст гирифт.
– Чӣ гуфтӣ, хола? – Овозаш меларзид.
– Санамро сар те, гуфтам. Се талоқ гӯй.
– Номаъқул кардӣ, бева, – Маҳрам ҳам ӯро бева гуфт, – гум шав, аз пеши роҳам гузар, рав.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё