Ишқи сархӯр

ги ғор ишора кард: – Бин, гов садқаи сар, мардак ҳайф шудааст.
Санам ҳолеро дид, ки интизор надошт. Гов дар қаъри ғор, аз афташ, кайҳо мурда буд, дар болои он подабон мисли чалпак паҳн. Ӯ барои Санам бегона не, падари худаш. Бесабаб аз лаҳзаҳои аввали дидан ҳушаш ба вай нашуда будааст, бесабаб дилаш насӯхта, бесабаб афтодаю хеста роҳи дарози пурпечу хамро сӯхтаю пухта дар як он тай нанамуда. Меҳри падарӣ кашида. Ва акнун ӯро дар дами марг дида, олам барояш тираю тор гашт. Дар дил сарзаниш ҳам мекард: «Барои чӣ? Аз чӣ сабаб вай маҷбур шуда, ғами худро нахӯрда? Вой, войи ҷони азизи падараш».
– Дада, дадаҷон! Дада!! – чашмонаш сиёҳу торик фиғон кашида, худро ба болои падар андохт, дасташ дар гардани ӯ «дада, вой дадаҷон!» бо нолаю ғирев ғорро ба сар бардошт.
Овози нолаи Санам падарро ба худ овард, ба ҳуш омад. Зинда аст, намурда.
– Ман Санам, дадаҷон, ман Санам.
Санам ва Маҳрам падарро соҳиб шуданд. Ба танаи ғор часпида, даст дар буттаҳои хору сангҳои теғадор бо ҳазор азобу азият вайро берун оварданд, ба хар бор карда, ба хонааш бурданд. Ҳаққу ҳамсояҳо кайҳо хабар ёфта, дар паси дарвоза ҷамъ. Бо Маҳрам, ки банди маркаб дар дасташ буд, ҳама пасопеш ба ҳавлӣ даромаданд. Аммо Санам аз дарвоза пой ба дарун намонд. «Даро, даро», мегуфтанд мардум ба ӯ.
– Хонаи худатон, ҷои пои модаракат, садқаат шавам, даро,
– кампири Солеҳамоҳ вайро меҳрубонӣ мекард.
– Наметавонам, бибӣ, ин хона дигар хонаи модарам нест, хонаи беваи Гулрез, хонаи духтарони вай. – Барои сухани «бева» – ро ба забон овардан Санам дар бало монд. Гулрез бо падари Санам, ки ҳанӯз чашм намекушод, ҷанг пеш гирифт.
– Дидӣ, шунидӣ, бевадухтарат чӣ гуфт, маро бева гуфт, таъна зад. Ҳа, Худоё, рӯзам ба сараш, ҳа, Худоё, шӯ наёбад.
Ҳа, Худоё мисли очаш шавад, рӯз набинад, шӯҷаллоб шавад.
Бо як реза ҷонаш мани сарсафедро бева мегӯяд-е, очамонанд.
Оташин шуда, чӣ карданашро надониста, дар ҷояш печ мехӯрд Гулрез.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё