Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Падар надорад, аз падар ҳам монд. Холааш ҳам дурӯғ мегуфтааст, ба Санам ба ҷои модар нашуд. Ӯ модари духтарони худаш Робияю Райҳона. Пеши назари Санам онҳоро ҳазорҳо бор мебӯсад, садқаю банда мешавад. Вале як бор тасаллои дилаш сари вайро сила намекунад, сухани ширине намегӯяд, баръакс, духтарони худашро меҳрубонӣ карда, ба сари Санам оташи қаҳру ғазаб мерезад:
– Санами ғамдарсар, дар куҷоӣ?
– Ман дар ҳамин ҷо, дар долон.
– Чӣ гуфта будам, нашунидӣ?
– Шунидам, холаҷон, аз чашма об овардам, сатилҳоро пур кардам.
– Боз чӣ гуфта будам?
– Ҳавлиро то беруни дарвоза об зада рӯфтам.
– Фаромӯш накун, нонта ҳалол карда хӯр, нонхӯри тайёр нашав, пагоҳ Маҳрам қатӣ молбонӣ меравӣ, хонаи мо ҷои сағираҳо шудааст, якта буданд, дута шуданд. Хосияти нек надорад, оқибаташ ба хайр шавад.
Як хешованди шавҳари холааш амаки Асадулло дар маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе будаасту рафтуомад доштаанд. Дар хонаи ӯ писаракеро дидаанд, ки ба як даҳон нон зор. Раҳми амаки Асадулло омада меҳрубониаш мекунаду аз тақдираш огаҳ мешавад. Касе надоштааст, модаркалонаш гоҳе сиҳату гоҳ бемор. Баъд вай ҳам аз олам мегузараду хонаҳояшро ким-киҳо соҳиб мешаванд, писарак дарбадар.
Хаёли амаки Асадуллою завҷааш ба ӯ мешавад, хизматгорак, соҳибиаш мекунанд. Дар хонаашон ба ӯ Маҳрам ном ниҳодаанд, Маҳрам бо нияте, ки дар хонадон маҳрами зану духтарон шавад. Аз Санам пештар ӯро оварда будаанд. Бузу бузғола, баррачаҳоро бонӣ мекардааст. Бо пою қадам будааст, ҳисоби бузу гӯсфандон меафзояд, молҳо қисир намемонанд, дар як сол ду бор ҳам тӯл медодаанд. Васвасаи зиёд кардани чорво дар дили амаки Асадулло ҷой мегирад. Дар деҳа зиставу чорводорӣ накарда, дигар чӣ кор мекунанд? Ёфту тофташонро фурӯхта гову мол хариданд. Соҳиби як пода гову бузу гӯсфанд шуданд, подабон аз худашон. Лекин ба як Маҳрам душвор.

пешина
аз 234
навбатӣ