Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ман, дадаҷон, хонаи холам намеравам, ман қатии шумо хоб меравам, ман шуморо дӯст медорам. Дар хобам очама дидам, гуфтанд, ки дадаҷонта танҳо намон, ман хонаи очама соҳиб мешавам, Гулрезро намегузорам, духтароша мезанам, мекушам.
– Шунидӣ ин сағераи ту чӣ мегӯяд? Фаҳмидӣ? Гуфтам-ку, мою туя зиндагӣ кардан намегузорад, – Гулрез ба ҷанҷол ҳамроҳ шуда, оташи қаҳру ғазаби падари Санамро аланга дод.
– Занша, боз мегӯям зан, чунон зан, ки дигар аз ҷояш хеста натавонад, боз мегӯям зан!
Давлатмурод лаби домани яктаҳашро бо ғазаб аз чанголи Санам раҳонда ӯро тела дод, сахт тела дода, ба рӯяш шаппотӣ фаровард, вай ба по истода натавонист, нафаҳмид, ки чӣ тавр сараш чарх хӯрду бо пушт ба даруни ҷӯй об афтод.


Чинори азимро сел мебурд, зарба мехӯрд, зарба ба шоху навдаҳо, ба беху бундёаш. Ҳанӯз ҳамон як навдаи яктораи он ҷондастгири Сархӯр. Навда болои об хам зад, таги об монд.
Сархӯр ҳам дар ҷӯши селоб, зиндагӣ барояш тамом, ӯро сел мебарад. Дар хаёлаш боз модар ва ҳамон духтаре, ки вақти ғарқ шудан овози ӯро мешунид: «Интизор мешавам, Исфандиёр, интизор мешавам, интизор!» ва ӯ низ фарёд мезад:
«Меоям, Лутфия, меоям!» На, на, ӯ бояд ғарқ нашавад, ӯ намемирад.


Баъди ба ҷӯй афтодан Санам дигар надонист, ки ба ӯ чӣ шуд, кӣ ба додаш расид. Баъдтар фаҳмид, ки ҳамон вақт аз куҷое холааш пайдо шуда, гирёну нолон вайро аз даруни ҷӯй баровардааст, ба хонааш бурдааст. Дар хонаи хола вайро як ҳоле, ҳарфи модар дар забон: «оча, очаҷон, оча!» Падар ба вай рӯи хуш надод, ғами ҷонашро нахӯрд, дашном дод, қабеҳ гуфт, чашмонаш оташбор, гӯё ҳамон падаре набуд, ки бо меҳрубонӣ вайро дар паҳлуяш мехобонд, мебӯсид, то хобаш бурдан афсона мегуфт. Вай дигар ба Санам падар намешавад.

пешина
аз 234
навбатӣ