Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Говҳо дур монданд, аз афташ, говҳои кадом як аҳли деҳаи Сафедорон буданд, ки хонаи соҳибашон нарафта.
Аз назди хумдони канори сангоб гузашт. Онро ҳам таърихе, медонист. Дар вақташ ин ҷо барои ороиш ва сафед кардани танаи девори биноҳои аввали шаҳри Душанбе оҳак мепухтаанд. Ва ҳикояте алоқаманд ба подабони деҳаашон – бобои Раҳим. Ӯ марди заҳматкаш ва содае буда, забонаш андаке лакнат дошта. Ана, ҳамин бобои Раҳим дар солҳои сиюми асри гузашта подабони ферма будааст. Ҳамин ҷо, атрофи хумдон, подаи говҳоро мечарондааст. Ҷасади касири колхозро, ки аз ноҳия пули рӯзҳои меҳнати колхозчиёнро меовардааст, аз ҳамин хумдон ёфтаанд. Гумонбарҳо ба суд кашида шудаанд, яке аз шоҳидон ҳамин бобои Раҳим ҳисоб ёфтааст. Аммо вақте аз ӯ пурсидаанд, вай гуфта: «На ҳум дидам, на ҳумдон». Ва ин суханони ӯро баъдҳо дар ҳозирии бобои Раҳим ба забон оварда аҳли маърака механдиданд…
Роҳи Малика давом гирифт…Ӯ таги як куртаи атласи сурху сафед, фурсат наёфт, ки либоси гармтаре бипӯшад ва ба сараш омадани ин ҳолро ҳам чашмдор набуд. Аз хунукӣ тани нозукаш чун барги бед меларзид, мӯйҳояшро, ки аз рӯи одат дубофт карда, ба пас партофта буд, ях баста, пойҳояш аз сардӣ карахт шуда, рӯ-рӯи яхпора ва барфҳо роҳ мерафт. Сараш мекалавид, пешпо хӯрда меафтод. Барфҳоро ханҷол зада, бо азоб рост мешуд, осмон ситоразор, моҳтоб замину замонро нур меандохт. Ҳама ҷо сап-сафед, оламро барф гирифта, духтарак аз боди сарди сангоб чун як ниҳолаке гоҳ-гоҳ хам мехӯрд ва гоҳе қомат рост мекард.
Чароғҳои деҳаи Поёноб ба чашм расиданд, чароғҳои барқӣ… Поёноб дар шаб чун як дастагуле, кулбаҳояш ҳама чароғон буд. Қасри фарҳанги болои деҳа ҳам пеши назар наздик шуд. Аммо Маликаро имконе намонда, ки пой пеш монад, ҳангу мадораш канда. Лек оташаке дар қалб шуъларез, оташи кина, ғазаб. Барзу падарашро парронд. Ӯ ба ҳукуматиҳо, ба муаллим Мавлонназар хабар медиҳад. Қасоси падар меситонад.

пешина
аз 234
навбатӣ