Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бояд боз андаке роҳ гирад, бояд наафтад, дар нимароҳ намонад.
Гирдогирди бинои қаср мошинҳои зиреҳпӯш, танкҳо, аскарон. Малика ба чашмашон афтод.
– Кист? Овоз деҳ, гап зан, – нидои аскаронро шунид, ки наздикашон шуда буд.
– Ман, ман, аз Лолазор!! – гуфта бо тамоми овоз фарёд заданашро медонист. Сагҳо аз кадом як ҳавлие аккосзанон тарафаш давиданд, дод мегуфт ӯ. Аскарон саросема шуда «Духтар, ба Худо духтар аст», мегуфтанд байни ҳамдигар. Бо чи роҳе зудтар аз сагҳо халос кардани ӯро надониста медавиданд ва аз болои сар ба ҳаво тир холӣ мекарданд… Ҳамроҳи аскарон муаллим Мавлонназар ҳам буд, ки овози Маликаро шинохта ҷонибаш давид.


Танку БТР, мошинҳои зиреҳпӯш ва аскарони беҳисоб оҷилан тарафи Лолазор дар ҳаракат шуданд. Малика дар қароргоҳи аскарон, назди духтурон монд. Ҳама ғамхору меҳрубонаш, болои кати гарму нарм дароз кашида, чашм ба дару деворҳои хона медавонд. Ӯ ба қумандон Мавлонназар ҳамаи гапро гуфта буд, мақсадаш иҷро шуд.
Қарибиҳои нимарӯз қувваҳои ҳукуматӣ аз Лолазор баргаштанд. Малика ҳамроҳи ҳамшираҳои шафқат, рӯ ба офтоб, ки ба олам нуру зиё, гармию нармӣ ҳадя намуда, барфҳоро об мекард, дар пешайвон, болои хараке нишаста, ашки шашқатори дидагонро манъ карда наметавонист. Дар назараш ҳамон манзарае, ки Барзу ба синаи падар аз автомат тир мекушод.
Рӯи барфҳо рангин гашта аз хун… Ӯ ҳоло ин ҷо, дар Поёноб, аз хона дур, чи қиёмате он ҷо ба по. Он ҷо ҷаноза, ҷанозаи падар, рафта наметавонад… Модар дар чӣ ҳол? Хок бар сари Малика, дод, вой дод, сад дод! Овоз равшан накарда дарундарун месӯхт ва мегирист.
Аз пеши назари Малика панҷ-шаш нафареро гузаронданд, ки дастҳояшон ба пушт баста, аз дастаи Барзу. Шинохташон, яки онҳо рӯ ба Малика истод, Шарифи Ҷарпар, барои он ӯ ин лақабро гирифта, ки аз ҳад зиёд ба Барзу содиқ буд.

пешина
аз 234
навбатӣ