Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пайкари эшони Саидҷалолхон рӯи барф мехобид, риштаи умраш аз дасти Барзуи оқипадар канда гашта.
Малика ва модараш аз паси девори ҳамсоя ин фоҷиаи даҳшатоварро дида, ба ақиб рафтанд.
– Оча, ман рафтам, – гуфт.
– Куҷо?
– Қасос мегирам, оча, қасос. Шумо аз ин ҷо равед, дур равед, паноҳ шавед, – таъкид кард ва пас-паси дарахтону буттаҳо аз баландиҳо гузашт, ба даруни сангоб афканд худро, тану бадан, дасту пойҳояш ба сангҳо хӯрда, бисёр озор диданд, вале ҳеҷ зарберо ҳис кардан намехост. «Қасос, қасос мегирам!» мегуфт ва дарун-даруни сангоб ба пеш медавид, меҳаросид, ки аз пасаш наоянд, меҳаросид, ки ба мақсад нарасида монад. Медавид, аз деҳаи Сафедорон ҳам, ки канори сангоб дар баландӣ ҷойгир буд, гузашт. Ҳаво софу барф аз боридан монда буд. Бар хилофи орзуи ӯ, ки торику ториктар будани шабро мехост, мехост дар дили сиёҳиҳо ба чашм наафтад, вале маҳтоб баромада олами пурбарфро равшан карда буд, равшанӣ дар ин шаб ба духтар намефорид, медавиду медавид… ҳарос дар дил надошт. Сари роҳ аз дур чанд суроб тофт. Чӣ буданд он суробҳо, суроби одамони оддӣ ё боз силоҳдоре? Роҳи дигаре надошт, дар оқиб Барзу, силоҳдорони вай, ӯро меҷӯянд. Модараш чӣ навъ пинҳон шуда бошад? Ӯро ба ақиб роҳ набуд, нобуд шавад, кушандаш ҳам бояд пеш равад, бояд онҳоро ёбад, бояд ба ситод расад. Суробҳои сиёҳ калонтар, боз калонтар ба чашмаш мехӯрданд. Кистанд онҳо?
Ё чистанд? Намеҷунбиданд. Бо тарсу ҳарос наздикашон шуд.
Дид, говҳо, чор ё панҷто, говҳои калон-калон, дар дилаш ҳарос омад. «Инҳо гованд, ё дар суроби гов бало?» Шунидааст сой бало дорад, ҳамин тавр мегуфтанд, шояд он чи ки ҳоло ӯ медид, гов на, балоянд дар сурати гов. Сураҳои медонистаашро зери лаб мехонд, сураҳои чорқулро, ки падар мегуфтанд, касе чор сура, сураҳои Қулҳуваллоҳ, Қулаузу бирабилфалақ, Қулаузу бирабиннос, қулёро, ки ин чорро чорқул гӯянд, хонад, Худованд аз ҷамъи балоҳо эминаш дорад. Ҳоло ӯ ин сураҳоро хонда, ба гирду пеши худ суфу куф мекард. Аз назди говҳо гузашт, онҳо бини афшонданд, ҳуммос заданд, як қад парид, дар ҳаросе, ки тарафаш надаванд, медавид, ба пасаш нигоҳ накарда медавид.

пешина
аз 234
навбатӣ