Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Балки машғули хатнависӣ аст,
Сарзаниш мекунад маро дар хат.
Кай шавад, ки ба дасти ман бирасад
Қосиди ишқ, муждаовар хат?
Ин тараф-он тараф парешонҳол
Чарх зад, бемадор шуд, калавид.
Соате хост, ки биёсояд
Пастдевори пахсагиро дид.
Омаду кард такя бар девор,
Чашм пўшиду монд беҳаракат,
Гуфт, ки: - «Ранҷ агар, Ҳасан, набарӣ,
Нест дар корҳои ту баракат».
Меравам, меравам ба зери чанор
То кунам имтиҳон саодати хеш.
Бигузоред, ки маро бошад
Кулфати нав, азоби нав дар пеш!
Хушкаломанд, шўх, густоханд,
Ҳамдигарро дугонаҳои Садаф,
Ҳалқа биншастаанд дар таги ток
Гирди дастархони бои Садаф.
Суҳбати духтарони ҳаммактаб
Дилфиребу мароқовар буд,
Гоҳ ҷиддию гоҳ ҳазломез,
Диққатангезу хандаовар буд.
Аксари ин дугонаҳо кайҳо
Духтарони ба қад расида буванд.
Баъзе дар зиндагӣ ба мисли Садаф
Рўзҳои фироқдида буванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё