Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Зада бар девор пешони-т,
Тавба аммо наменамоӣ ту,
Гар фароӣ аз асп, аз узангу
Ба гумонам, намефароӣ ту!»
Чашму рўйи Ҳасан сиёҳӣ зад,
Ларза дар узвҳои он афтод.
Ҷуз ғазабнок як нигаҳ кардан
Беадабро дигар ҷавоб надод.
Рафт аз сояи дарахти чанор,
Ёди маҳбуб кард, ёди Садаф,
Бе Садаф зистан бувад мушкил,
Гар Садаф нест, нест шаъну шараф.
Ғам агар ҳаст, ғамгусор куҷост?
Дўст шарт аст, дўстдор куҷост?
Майли ёре агар ба сар дорӣ,
Меҳрбону азиз ёр куҷост?
Ҳасан омад ба кўчаи дигаре
Дилкашолона бо баҳонаи дўст,
Дару боми шиносро чун дид,
Хост меҳмон шавад ба хонаи дўст.
Гашт дар гирди хонаву аммо
Надаромад Ҳасан ба он хона.
Ба Садаф бо кадом рўйи сурх
Менамояд нигоҳ мардона.
Дар ҳамин лаҳза балки машғул аст
Ёр дар хондани ҷавоби хат,
Балки ҳаргиз намеравад сарфаҳм
Хонда-хонда ба сарҳисоби хат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё