Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мепариданд аз замин ба ҳаво
Гоҳ хўсида мурғҳои ҳилол,
Менамуданд марди танҳоро
Гоҳ сагҳои подабон дунбол.

Галаи аспҳои колхозӣ
Аз бараш беадад гузар карданд,
Мисли най рост гардани онҳо
Аламашро зиёдтар карданд.

Аз назаргоҳи он намерафтанд
Ҷилваи шаҳри нав ба зебоӣ,
Дару деворҳои пурҳашамат
Сояҳои чанори бобоӣ.

Манзари кўчаҳои пурҳаракат,
Қасрҳои аҷоиби дилкаш,
Хонаю остонаи маҳбуб,
Рўйи зебову чашми чун оташ…

Ҳамаи ин хаёлҳо ба Ҳасан
Дар сафар ғайрате ато карданд,
Бағали пойтахти наврасро
Гарму ҷўшон ба рў-ш во карданд.


Рўзе аз рўзҳо ба зери чанор
Шуд Ҳасан мисли сояе пайдо,
Бар танаш буд бори вазнине
Сари пур бо ҳазорҳо ғавғо.
На дигар ҷуръате, ки дар кўча
Мисли дерина сар баланд кунад,
Аз сари асп харсаворонро
Дар сари роҳ нописанд кунад.

Роҳҳоро ба ҳукми худ гирад,
Одамонро бароварад ба канор.
Гузарад аз миёни мардуми шаҳр
Бо ғуруру такаббури бисёр.

Худ кунун мегурехт аз ҳама кас,
Аз нигоҳи тамоми раҳгузарон,
Аз салому алек, аз одоб,
Аз мулоқоти қадрдон ёрон.

Ў нишони саройи деринро
Дар қади кўча ҷустуҷў мекард,
Шиштухези аробакашҳоро
Раҳравон дар дил орзу мекард.

Саргарангона борҳо пасу пеш
Рафта меомаду намедонист,
Ки ба зери чанор кайҳо боз
Ҳеҷ осор аз сарое нест.

Дид дар ҷойи он бинои наве,
Лавҳаеро ба рўйи дарвоза.
Канда-канда ҳуруфҳоро хонд
«Ав-то-школ-ла», – мактаби тоза.

Берун омад машинае аз дар,
Сар бароварда як ҷавон аз он
Ба Ҳасан гуфт: «Омадӣ охир,
Эй ту оворагаштаи ду ҷаҳон!

пешина
аз 143
навбатӣ