Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Шаба шаб, рўза рўз ногуфта
Ҳарду машҳур боркаш будем,
Дар сари корвон ба каф байрақ
Ҳарду як ҷо қаторкаш будем.
Хишту чўби кашондаи моро
Сарфи шаҳри азизи мо карданд,
Намаку чою нону шакарро
Дастгири гуруснаҳо карданд.
Ҳама донанд, ки дар он айём
Бори республика ба дўшат буд,
Чунки дар солҳои қашшоқӣ
Давраи ҷўшишу хурўшат буд.
Давлати одамони имрўза
Дар вагонҳо дигар намеғунҷад,
Ту кунун дар кашондани ин бор
Дасткўтоҳию надорӣ ҳад.
Дар чарогоҳҳои колхозӣ
Дўстам, рафта сайру бозӣ кун,
Бо ягон кори хоксорона
Назди мардум забондарозӣ кун.
Метавонӣ, ки дар миёни гала
Пираспи баландсар бошӣ.
Монда ному нишонае аз худ
Рахши навзодро падар бошӣ.
Ман ҳам имшаб ҷудо шуда аз ту
Меравам аз қафои кори дигар.
Гар ба ту қадрношиносӣ шуд,
Авф кун, аз гуноҳи ман бигзар…
IY
Ҳасан аз роҳи дур меомад
Қад-қади рўди шўхоби Вахш,
Рўйро карда мисли лахча сиёҳ
Аз шамолу аз офтоби Вахш.
Монда аспу аробаи худро
Дастхолӣ, пиёда меомад,
Ба дами тафтбоди кўҳу даман
Синаашро кушода меомад.
Бехабар буд аз гузаштани вақт,
Аз равуои одамони савор,
Худписандона гоҳ менигарист,
Ба шитоби машинаҳо ночор.
Май нанўшида мениҳод қадам
Дар раҳи хештан ба сармастӣ,
Ба хаёлаш намерасид, ки он
Луқмаеро хўрад ба сардастӣ.
Ташналаб буду майли об надошт,
Хоболуду фикри хоб надошт,
Ҷуз ниҳодан қадам ба сўйи шаҳр
Дар дил он дигар интихоб надошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё