Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Духтаре гуфт, ки ба хурсандӣ
Оқибат шуд тамом мактаби мо,
Бо машаққат кунун ба даст омад
Чандсола умеду матлаби мо.

Барзада дасту остин фардо
Ба маҳалҳо барои кор равем,
Монда дур аз дугонаҳои азиз
Ҳар кадоме ба ҳар қарор равем.

Дигаре гуфт, ки илоҷе нест,
Мефиристем зуд-зуд хабар.
Дўстонро кунанд чунки қарин
Почтаву телеграф ба ҳамдигар.

Менависам, ки чӣ гуна бувад
Қилиқу суҳбати дугонаи нав,
Кори нав, ҷойи нав, шароити нав,
Ҳастию нестии хонаи нав.

Менависам, ки пас аз рафтан
Аз ҳама пештар кӣ шавҳар кард,
Кӣ киро дод дил, аз кӣ бурд,
Ки чӣ сон бо кӣ хонаву дар кард.

Севумӣ гуфт, ки дар ин бора
Садафи мо намекунад парво,
Чунки ишқи аробакаш кардаст
Дили онро асири худ кайҳо.

Ин кас акнун ба пеши ў рафта Дар ароба савор мегардад, Аз паси дўстдори хонабадўш Ҳама дам соявор мегардад.
Садаф андак ба қаҳр омаду гуфт:
– Ҷон дугона, кинояро бас кун.
Бадзабонӣ туро намезебад, Иззати нафсу ҳурмати кас кун.

Ҳайф, ки меҳмони ман ҳастӣ
Варна беобрўй мекардам,
Бо ту дар лаҳзаи забонхорӣ
Нағзакак гуфтугўй мекардам.

Солҳо боз аз ҳама беҳтар
Мешиносам аробакашро ман.
Ў сазовор нест, бовар кун,
Ба чунин таънаҳои сахт задан.

Ору номусдор як мардест,
Тамаъе аз касе надорад он.
Ба умеди Садаф – умеди висол
Ҳеҷ гоҳе нагашт аз паймон.

Ман гумон мекунам, ки нияти ў
Аз ақиқ, аз булўр софтар аст,
Ҳамаи мардҳо ба чашми ман
Дигаранду аробакаш дигар аст.

Дар ҳамин дам Ҳасан агар мешуд,
Месупурдам ба дасташ изнамро.
Бо табассум, такаллуми ширин
Мебаровардам аз дилаш ғамро.


Охири навбаҳор омада буд,
Мешуданд об барфҳои кўҳ.
Пой мемонд фасли тобистон
Ба сари сарзамини азму шукўҳ.

пешина
аз 143
навбатӣ