Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз гаштан ба асп мушкил буд,
Чунки бардошт бори вазнинро,
Ҳасани мисли санг шахшудаю
Марди сар то ба пой ғамгинро.

Саҳари шаҳри нозанини мо,
Хеле хуб аст, хеле дилҷў аст.
Худи онро, табиати онро,
Ба гумонам, ки муждаи тўй аст.

Рўйро шустаанд бо шабнам
Баргҳои чанор, акатсияҳо,
Дар фазои кабуди дарёӣ
Ҳама парандаҳо кунанд шино.

Гирди фаввораҳо ба зебоӣ
Базмҳои тамоми гулҳоянд,
Рўдҳои зулоли кўҳистон
Камари шаҳри боғсимоянд.

Шаҳр хомўш, кўчаҳо хомўш,
Фақат ояд гудок аз фабрик,
Аз завод, корхонаҳои қатор
Чун нидои саноати тоҷик.

Балки имшаб ба хоби ширин рафт
Олиме баъди кори пурсамара,
Балки шоир гузошт чанде пеш
Нуқта дар интиҳои шеъри сара.
Фақат аз кўчаи васеъ Ҳасан
Дар ароба савор мегузарад,
Баста зангўлаҳо дар гардани асп
Аз сари кўйи ёр мегузарад.

Сўйи Кўлоб роҳ паймуда
Мебарад ёди ёри ҷононро,
Кай дигар мешавад, ки ў бинад
Чашми шўху лабони хандонро.

Ҳасан аз шаҳр чандсола бирафт,
Ба қарибӣ дигар намеояд.
Раҳм агар дар дили Садаф афтад,
Шояд онро суроғ бинмояд.

III
Асп зотӣ, ароба – қўқандӣ,
Кордида аробакаш машҳур,
Дар таги пайи асп мехобид
Роҳи Кўлоб – кўҳсори дур.

Ҳеҷ кас аз Ҳасан намепурсид,
Ки чаро дар сафар шитоб кунӣ,
Дар куҷо хоб рафтаву хезӣ,
Аз чӣ бар ҷони худ азоб кунӣ.

Ў намегуфт, ки раҳам сахт аст,
Дар куҷо сою дар куҷо рўд аст,
Дар куҷо кўҳу тал дучор ояд,
Дар куҷо роҳи тахт мавҷуд аст.

пешина
аз 143
навбатӣ