Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Дар сари худ Ҳасан ғуруре дошт,
Ки раҳи нобалад ба ў ҳеҷ аст,
Гарчи манзил ҳанўз нопайдост,
Гарчи кораш ҳанўз сарпеч аст.
Соли аввал агарчи роҳи нав
Ба Ҳасан роҳи беазоб намуд,
Рафта-рафта вале раҳи Кўлоб
Аспи ҷавмастро хароб намуд.
Дар раҳи сахти кўҳсори дур
Чорпаҳлу йигит шалпар шуд,
Аз равуой аспи таърифӣ
Наълафсурда, ланг, лоғар шуд.
Гоҳ дар нисфи кўҳ дар мемонд
Бо самандаш, гаҳе дар обу гил,
Гоҳ мехуфт дар сари роҳе
Нарасида ба ҳеҷ як манзил.
Рўз то рўз бо риёзати роҳ
Ҳасани сарбаланд сархам шуд,
Лофи бемавриди аробакашӣ
Дар забони Ҳасан дигар кам шуд.
Дар раҳи худ аробакаш медид
Кўҳсори баландқоматро,
Рўдҳои ба кўҳ ларзафикан
Пиряхҳои бошаҳоматро.
Мешунид аз сари баландиҳо
Савти мурғони дилкушои дараро,
Аз камарҳои марғзори кўҳ
Задани обҳои шаршараро.
Дар фазо абрпораҳои сафед
Сояандози кўҳҳо буданд,
Осмону замини кўҳистон
Чун баҳорони пурсафо буданд.
Дами мурғакравии майсаи кўҳ
Мавҷи дарё ба ёд меомад,
Дам ба дам аз гузаштани оҳу
Хабари бомдод меомад.
Ин ҳамон кўҳсори дерин аст,
Ки дар он марг ҳукмфармо буд,
Пайраҳа, овринги танги он
Душмани ҷони мардуми мо буд.
Дар бағалҳои кўҳ халқи мо
Зиндагӣ кард мисли зиндонӣ,
Ба ҷаҳон дўхт дидаҳояшро
Бо дили пурумед пинҳонӣ.
Гоҳ монанди оташе афрўхт,
Ба хурўҷ омаду қиём намуд,
Тан ба мурдан надода чандин аср
Ҳастии хешро давом намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё