Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рафтаниам ба ҷойҳои дур,
Ман дар ин ҷо дигар намемонам.
Ҳасанам ман, Ҳасан - аробакашам,
Ҳеҷ аз ин касб рў нагардонам.

Омадам, ки ту ҳам равӣ бо ман,
Хона бошад, ароба хонаи мост,
Ба куҷое, ки мисли мурғ парем,
Кўҳ ё дашт ошёнаи мост.

Рехт аз тор-тори мўйи Садаф
Дона-дона арақ ба ду рухсор,
Гуфт, эй марди бехабар аз худ,
Ба гапам ҳуш дор, шав ҳушёр!

– Чанд сол ин тараф ба ёди ту
Хонапо духтари калон будам.
Сўзанидўз, бахязан дар рўз,
Шом дар гирди ошдон будам.

Тоқию рўймоли шоҳии ту
Шоҳиди захмҳои дасти мананд,
Сўзаниҳои тўйҳои калон
Ҳосили дасти гулпарасти мананд.

Хонашинӣ дили маро хун кард,
Зард шуд ранги рўйи ман торафт,
Гашт кўтаҳ, гиреҳ-гиреҳ печид
Нафасам дар гулўйи ман торафт.
Баъд аз он чун дугонаҳои худ
Дар дилам ҷой меҳри хондан шуд.
Фурсати илмёдгирию
Зеҳнро бар китоб мондан шуд.

Мактабам, хонданам тамом, ки шуд,
Сониян ихтиёрӣ шўй кунам.
Ҳозир аммо саодати худро
Дар раҳи илм ҷустуҷўй кунам.

Метавонӣ, ки дар ба дар гардӣ
Боз чун лўлиёни ҳарҷоӣ,
Метавонӣ, ки боз, эй дайду,
Сафаратро давом бинмоӣ!

Садқаи гап шавад каси якрав!
Ба ту ҳаргиз намекунам зорӣ!
Ба ман ин дард гарчи вазнин аст
Мекунам ноилоҷ худдорӣ.

Ба дили ошиқ охирин суханон
Захм чун тир монда бигзаштанд!
Ҳар ду бар чашми якдигар дере
Нигаристанду баъд пас гаштанд.

Аз қафои Ҳасан Садаф аммо
Чун шароре ҷаҳида берун шуд,
Хост, ки боз гўядаш чизе,
Нафасаш лек дар гулў ғун шуд.

пешина
аз 143
навбатӣ