Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳанўз онро дучор ояд задухўрд,
Ба ў ояндаро бояд, ки биспурд.
Писарҷон, чун кушоӣ дидагонро,
Ба чашми хештан бинӣ ҷаҳонро.
Ту ҳам фарзанди Шарқӣ, Осиёӣ,
Валекин Осиёи пурсафоӣ,
Ту ҳоло хоб кун, роҳат нафас гир,
Бизан фарёдҳову нўш кун шир!
Ман акнун меравам, поезд ояд,
Мулоқоти наве дар пеш бояд.
Мулоқоти наве бо пирамарде,
Адиби озмуда ҳар набарде.
Куҳансоле, ки дида ду замонро,
Ғаму андўҳу шодии ҷаҳонро.
Куҳансоле, ки дил пур аз умед аст,
Раҳаш монанди мўҳояш сафед аст,
Куҳансоле, ки донад Осиёро
Багўшоянда аз ҳар дил садоро.
Садои Осиёро хуб донад,
Худ ўро Осиё маҳбуб хонад.

Мулоқоти дуюм

Агарчи дар забон аз рўзи аввал
Ба расмият ҳама гўянд вокзал,
Валекин ман ба навъи тоза гўям,
Ба шаҳр онро дару дарвоза гўям.
Аз ин ҷо шаҳри моро ибтидояст,
Ба шаҳри мо аз ин ҷо рафтуояст.
Душанбе мисли боғи тоза сабзид,
Ба шаҳри нозанин монанд гардид,
Ба ҷўш омад аз ин ҷо зиндагонӣ,
Ба ин ҷо аз Россия меҳрбонӣ,
Нахустин мех, оҳан, шиша омад,
Нахустин чўб ҳам аз беша омад.

пешина
аз 143
навбатӣ