Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Рухи момо ба чашм осуда бинмуд,
Нигоҳе карду лаб бо ханда бикшуд:
Падар гаштед як тилло писарро,
Муборакбод мегўям падарро.
– Саломат модараш? – Ҷонаш раҳо ёфт,
– Ба бахташ кўдаки олампано ёфт!
Ман аз шодӣ зи ҷо ҷастам, паридам,
Рухи фарзанди навзодам бидидам.
Нахустин бор бишнидам садояш,
Дари дилро кушодам ман барояш.
Даҳан во карда меҷунбонд лабро,
Ба дил мекард ҷо ишқи насабро.
Маранҷ аз ман ту, эй додои духтар,
Ки додам ман туро дашном яксар.
Туро духтар маро бошад писар шуд,
Барои мову ту як ид сар шуд.
Кӣ медонад, ки як рўзи мусоид,
Қудои ҳамдигар хоҳем гардид.
Писарро пешкаш кардам Ватанро,
Диёри дилписанди хештанро,
Замини сабзранги тоҷиконро,
Садои рўдҳои зарфишонро,
Чарогоҳони пур аз молҳоро,
Саодатбахш моҳу солҳоро,
Деҳоту шаҳрҳои нав ба навро,
Ба ҳусн аз боғҳо бурда гаравро,
Фаровонмеҳнатӣ, нону намакро,
Суруди рафта то авҷи фалакро.
Ба ў ман ҳадя кардам манзиламро,
Чароғи нурпоши маҳфиламро,
Умеду орзу, омоли худро,
Пур аз саъю ҷадал иқболи худро.
На танҳо кард онро бахт оғўш,
На танҳо зиндагӣ бўсид пурҷўш,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё