Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Акнун аз чӣ бошад истода буданд ин ҷо, очаву бача, ҳарчанд саросема гурехтанашон лозим буд. Дудила истода буданд; ин ҷо, ки дароянд, ё на?
Писарак бештар месулфид, зеро қабат ба қабати ҷонаш намӣ ва тарӣ кашида буд.
Борон шиддат дошт ҳамоно.
– Аққалан то пагоҳ, ин ҷо, дар иҷорахонаи кампир монем,

  • ниҳоят изҳор намуд модар, ки аз сулфаи писарак ва аҳволи вай хавотириаш фузуда буд,
  • Чанд пуле, ки кампири соҳибхона гӯяд медиҳему то пагоҳ меистем... Баъд рӯзи дигар… Рӯзи дигар кофта меёфтагистем иҷорахонаи дигар, албатта…
  • инро бо чунон оҳанг мегуфт, ки писарак қабул медорад ва ё на?
    Писарак ба ҷойи ҷавоб додан варо сулфа гирифта буд аз нав.

…Вале кампири соҳибхона набуд дар ошёни поён ва дар он хонае, ки дафъа гузашта варо дида буданд, ҳамчунин ба чашм намерасид.
– Шояд баромада бошад ба қабати боло? - сулфаи гулугиршудаи писарашро эҳсос карда, изҳор дошт Лоҷувард.
Азбаскӣ кампир намоён намешуд, модару писар, дигар илоҷ наёфта, бо зинапояи гирда боло шуданд. Онҳо ҳамебаромаданд ҷониби болохона...


…Иҷорашини ин бино-Ромиш бедор буд, ҳарчанд духтаракаш пинак мерафт аз таъсири ҳавои боронӣ. Ромиш ба андешае ғӯтта зада буд, ки ҳамчунин хоси рӯзҳои боронӣ бошад ва хоси одами танҳо бошад. Вале дар бораи чӣ ва дар бораи кӣ андеша мекард ин лаҳза, маълум набуд.
Партави кабудчаи кадом чароғи шаб, ки аз куҷое меомад, бари рӯи андешапечи Ромишро нимарӯшан медошт.
Баъд кадом овоз ба гӯш расид. Овоз андарунаш сулфа ҳам дошт.
Ромиш боз муддате ҳайрон истод, ки овоз аз куҷо бошад ва чӣ тур пайдо шудааст?
Пасон оҳиста бархост.
Дарро роғ карда, дар долон дид ду нафарро: Лоҷувард буд ва писараш. Саропо тар, аз либосашон об мечакид.
Ромиш инро дида, бовар намекард. Шояд тасаввури хаёлаш бошад пайдо шудани ин ду нафар? Охир Лоҷуварду писараш чанд рӯз муқаддам ин ҷо омада, вале иҷорахонаи ин ҷоро қабул надошта, рафта буданд. Вале чаро, ки баргаштаанд акнун?
Лоҷувард бошад аз дидани Ромиш дар ҳолати нобоб монда буд.
– Ба кофтани соҳибаи хона баромадем,

  • ҳолати ноҳинҷори модарашро шояд ҳис карда, гуфт писари вай.
  • Кампир набудааст дар поён.
    Ромиш ҳамоно ба писараку Лоҷувард менигарист. «Пас иҷорахона лозим?»– хулоса бароварда буд вай. Ва ниҳоят лабаш оҳиста ҷумбид:
    – Аз боронгариҳои рӯзҳои ахир, кампир бемор шуда, тасфаш, ки нафаромад, беморхона бурданд…
    Лоҷуварду писараш, ки аз тори сарашон то нуги пошон об мечакид, бештар дар ҳолати нобоб монда буданд ва ҳанӯз хомӯш меистоданд…
    Духтарчаи Ромиш назди дар пайдо гардид, шояд вай ҳам бедор шуда, ё шояд бедор будааст дар асл? Духтарча менигарист ба писараки рангпарида, ба модари саропо тари вай.
    Ромиш ҳам аз Лоҷуварду писараш чашм намеканд ва боз муддатҳо чунин андешаманд истод муқаддам аз он, ки ба забон оварда бошад:
    – Кампирак, пеш аз он, ки беморхона равад, дари иҷорахонаашро чанд қулфи дигар зад. Ба ин иҷорахона як одами серпул меомадааст, ки кампир пешакӣ пули варо гирифтааст,
  • ба дари рӯ ба рӯи иҷорахонаи худаш ишора кард Ромиш, ба даре, ки чанд рӯз муқаддам барои худи Лочуварду писараш кампири соҳибхона кушода, муроот карда буду вале аз ҷониби Лоҷувард қабул нагардида ва онҳо рафта буданд аз ин ҷо.
пешина
аз 59
навбатӣ