Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Лоҷувард аз хабардор шудан аз он, ки ҳуҷраи иҷорахона қулф асту банд гардидааст, бештар пакару шахшуда метофт.
Раъд меғуррид, барқ мерахшид, шиддати борон ҳатто аз тирезаҳои ин ҷо айён мегардид.
Лоҷувард гӯё дигар илоҷ наёфт, ки ниҳоят бо як даст банди дасти писарчаашро гирифт ва барои вай оҳиста гуфт:
– ...Меравем...
Очаву бача қадам ниҳоданд ҷониби зинапоя, ки нишеб шаванду раванд аз ин ҷо.
Дигар истодан ҳам бесуд бошад акнун.
Ромиш ҳанӯз менигарист ба ду нафари раванда, менигарист дар долон, аз пеши дари иҷорахонаи худаш истода.
Писари Лоҷувард якрӯ шуда, ба Ромиши пеши дар шахшуда нигарист, пасон баробари модар гардид. Не, бори дигар назар афканд аз чӣ бошад ба Ромиш, муқаддам аз он, ки нишеб шуда бошад бо зинапояҳо ҳамроҳи модараш.


Дар кӯчаҳо бошад мекофт ҳанӯз занашро ва писарашро Неъмат. Ва аз ҳаяҷон дида, бештар дар қаҳр буд ҳоло вай.
– «Ба ҳеҷ кас зӯрам нарасад ҳам, мерасидагист ба шумоён!»– ҳанӯз ғуррунгос мезад бо худаш вай.
Ва ҳоло Неъмат гӯиё дар атроф ва ё наздики ин бинои кампир буд, биное, ки иҷорахона дошт.


Лоҷуварду писараш аз зинапояҳо фаромада, дар долони қабати якум мерафтанд ва пасон миёни борони бошиддат резандаи берун шуданд: қатраҳои борон онҳоро аз нав ба куфтан шурӯъ кард.
Яқин сӯи номаълум рафтанӣ буданд модару писар аз нав дар ин шаби пурташвиши намрез.
– Лоҷувард! - омад овозе як вақт.
Магар овози Неъмат бошад, яъне шавҳари худи Лочувард, ки пайдо шуда ҳоло ва дидааст онҳоро ниҳоят дар ин ҷо?
Яке меомад ҷониби Лоҷувард аз думбол ва меомад ҳамчунин сӯи писари вай.
Каси омада боронӣ надошт, кастум ва плаш ҳам надошт, фақат куртаи хонагӣ дар танаш буд. Ва наздик омад ба Лоҷуварду писараш ва истод.
– Шумо метавонед монед ин ҷо,

  • изҳор намуд каси омада.
    Лоҷувард ба вай нигарист: Ромиш буд, ки чунин таклиф пешниҳод мекард. Ва аз борон тар мешуд куртаи яккаи тани Ромиш.
    – Иҷорахонаи кампир банд,
  • ифода кард Лоҷувард дар ниҳоят сабаби истода натавонистани худро чунин ошкор карда. Ва боз равон гардид бо писараш ҷониби роҳи калон.
    – Куҷо ҳам меравед дар ин нимаи шаб? Куҷо сарпаноҳ меёбед дар ин бевақтӣ?
    –
    ... – Лоҷувард ҳеҷ чиз нагӯяд ҳам наистода буд.
    – Писарат месулфад... Аққалан барои вай шуда...
    – Агар кампири соҳибхона мебуд,
  • ҷумбид лабони Лоҷувард, ки аз нав истода буд,
  • Агар иҷорахонааш холӣ мебуд …ҳеҷ не то пагоҳ... мондан мумкин мегашт…
    Охири суханаш бо сулфаи навбатии писараш омехта гардид.
    – Метавонед, бошед дар иҷорахонаи ман,
  • таклиф пешниҳод намуд Ромиш баногаҳ.
    Ранги Лоҷувард як дигар шуд, тааммул намуд.
    Ғайри шуввоси борон дигар овоз набуд дар атроф. Не, боз сулфаи писарак бар он даромехта буд.
    – Худи ман метавонам халал нарасонам бар шумоён,
  • сухани Ромиш буд.

метавонам равам аз ин ҷо...
– Куҷо-о? - овози писарак омад, ки аз борони бошиддат чашм намеканд.
– Ин проблеми мардона; ту ки мардӣ бояд донӣ: як шабро дар ягон ҷойи дигар рӯз кардан барои ман душвор нее… Вале ту… дар хонаи гарм бояд бошӣ. Бин, чӣ хел сулфаат намеистад.
Шуввоси борон бо сулфаи писарак меомехт.
– Ба хонаи ман раветон. Духтарчаи ман ҳам мунтазир шумора…

пешина
аз 59
навбатӣ