Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дами иморат, зери борони башиддат, духтарчаи Ромиш ҳам баромада буду меистод ва чашм намеканд аз Лоҷувард ва писарчаи вай... Куртаи тани духтарак ҳам тар мешуд, ё кайҳо тар шуда буд аз борони бошиддат ва ин еурта ба танаш мечаспид.


Маҳз дар атрофи ин бино мекофт Неъмат занашу писарашро.
Ҳоло аз пушту бари бино тоб хӯрда, ба даромадгоҳи бино омад Неъмат.
Вале дар он ҷое, ки чанде муқаддам Лоҷуварду писараш ва Ромишу духтарчаи вай буданд, касе наметофт.
Фақат кадом як мард, ки дар ин ҳаво, аз чӣ бошад, дар танаш танҳо куртае буд, аз ин бино дур мерафт. Кӣ буд ин нафар? Вале ин барои Неъмат аҳамият надошт. Вай зану писарчаи худашро мекофт, на кадом марди равандаро.


...Аз шаб соатҳо мегузашт.
Сулфаи писарак дар ҳақиқат монда буд, ё кам гардида буд.
Ориятхона аз оташдони печсимаш сурхшудаи электрикӣ гарму гуворо буд.
Писарак хобида буд. Духтари Ромиш ҳамчунин ба хоб рафта буд.
Лоҷувард дар кате, ки пеш Ромиш дар он ёзида буд, сар монд. Вале ӯро хоб намебурд, чунон ки ин ҷо хоб набурда буд дар оғози ин шаб Ромишро ҳамчунин.
Аз шаб мегузашт боз вақт...
Лоҷувард сарашро ба болиште, ки шабҳо Ромиш ба он сар монда мехобид, пахш намуд. Магар гиря мекард, ки ба ларза омада буд ҷисми наҳифшудаи ҷавонзан.


Неъмат дар хонааш истода, ба ёд ҳамеовард, барои чӣ бошад ун ҷавонмардеро, ки аз бино, яқинтараш аз бинои иҷорахонаи кампир дур мерафт. Як бари рӯи он ҷавонмард тофта буд. «Магар Ромиш набуд ин нафар?»– хаёле тир барин зад ба сари Неъмат баногаҳ. Ва чаро аз бинои кампир баромада буд вай ва чаро аз он дур мерафт?
Дар берун субҳ медамид ҳолиё...


Бале субҳ медамид дар олам. Оҳиста ва мутассил медамид.
Лоҷувард ба либоси хушкгаштаи танаш печида, паси шишаи тиреза истода, берун назар меафканд. Сафедии субҳ мегирифт кӯчаҳои шаҳристони азаматро. Шаҳристони бороншустаи ҳанӯз тарро.
Як вақт касеро бидид нигоҳи Лоҷувард. Касеро, ки пайдо шуда меомад дар кӯчаҳои шаҳристон.
Ва Ромиш буд ин нафар.
Лоҷуварди паси шишаи тиреза часпида, магар пайдо шудани Ромишро мунтазирӣ намекашид ҳолиё?…
Ромиш ба воридгоҳи иморат қадам бинҳод.
…Баъд шарфаи помониаш дар долон пайдо гардид, сипас гӯё аз он ҷо ғайб зад шарфаи помонии вай?
Чаро надаромад ба иҷорахона? Ба Ромиш чӣ шуда, ки овози қадамзаниаш дигар намеояд?
Лоҷувард хело мунтазиру ноҷумбон меистод.
Вале дигар овоз намеомад аз берун.
Лоҷувард худаш ба долон баромад.
Ромиш ин ҷо, ба деворе такя карда меистод, саропо тар буд, аз танаш об мешорид, дирӯзаи Лоҷувард ва писараш барин буд: ранги андак хаста ва коҳида дошт.
– …Надаромадӣ?…

  • Лоҷувард, ки аз вай чашм намеканд, лабонаш ҷумбиданд чунин.
    – Гуфтам, ки аввал шумо бедор шавед...
    – Ман бедор будам...
  • сухани Лоҷувард буд. Ва баъд аз чӣ бошад хастаҳол илова намуд: - Тамоми шаб хобам набурд...
    – …Шабҳои охир хоби ман ҳам намебарад…
  • сухани Ромиш буд, ки баъди муддатҳо зикр шуда буд.
    Дар миён сукунат фитода буд аз нав.
    Ва чашми Лоҷувард аз Ромиши саропо тар канда набуд.
    – Ин иҷорахонаи худат...
  • ҷумбиданд лабони Лоҷувард-Даро, гарм шав, либосот тар.
    Ромиш чизе нагуфт, аз Лоҷувард чашм намеканд. Лоҷуварде, ки мисли худаш хаста буд. Лоҷуварде, ки мехост вай дарояд ба иҷорахона.
пешина
аз 59
навбатӣ