ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Ромиш ниҳоят по ниҳода буд ба даруни иҷорахона.
– Рангат кандааст. Таб баровардаӣ, ба фикрам,
- сухани Лоҷувард буд.
Ромиш хастаҳол табассум намуд. «Мегузаштагист», - афзуда буд вай.
Ба ёди Лоҷувард гӯё чизе расида бошад, аз термос ба пиёла чойи гарм рехту тарафи ҷавонмард дароз кард.
Ромиш чойи сӯзони пиёларо ба лаб бурда, оҳиста ошомид.
– Писарчаро бедор мекунам, мо меравем, ҷойгаҳат дароӣ, хоб равӣ. Дам гирифтанат лозим, - сухани Лоҷувард буд.
- Ту метавонӣ ба
- сухани охираш ба Ромиш дахл дошт.
– Борон намондааст, - Ромиш ба Лоҷувард нигариста буд, ки тараддуди писарашро бедор кардан ва рафтан дошт.
Нигоҳи Лоҷувард ҷониби борони паси тиреза омад ва андармон гардид.
– Зери ин борон писарчаро овора карданат лозим набудагист... - иловаи Ромиш буд.
- …Ҳеҷ не, то ёфтани иҷорахонаи дигар ҳамин ҷо истад…
- Ромиш ба писарак менигарист.
- Бача зиёд хаста шудааст, ҳарчӣ, ки аз сари вай гузашт аз сину солаш зиёд буд… Барои ҳамин хобаш сахт бурдааст... Духтарчаи ман ҳам мисли вай хоб…
Бачагӣ… - Неъмат боз хомӯш монда буд.
– Ман аз паси иҷоракобӣ меравам... - баъди чанде гуфт Лоҷувард ва пасон аз миёни ду салафанқоғази вобастаи худаш сумкачаашро дарёфта, ба даст гирифт.
- Бачаро баъд мебарам.
Ромиш ҳанӯз аз вай чашм намеканд.
Лоҷувард дари иҷорахонаро бо нуги ангуштони хастааш тела дод, боз кард, ба долон баромад.
Нигоҳи Ромиш ҳанӯз аз вай канда набуд.
Лоҷувард аз Ромиш нигоҳашро барканда, аз долон ҷониби зинапояҳо қадам ниҳод.
Ба ошёнаи якум фаромада буд вай.
Аз долони ошёнаи якум ҷониби баромадгоҳ қадам мениҳод.
Дари баромадгоҳ наздик гашту аз он берун шуданӣ буд Лоҷувард.
Вале аз чӣ бошад якбора такон хӯрд ва ҳатто истод.
Чаро истод, ки рафтанаш лозим буд барои кофтани иҷорахонаи дигар?
Гӯё кадом чиро ба мушоҳида гирифта буд дар берун нигоҳи ҳайратзадаи Лоҷувард ҳолиё.
Зеро дида буд шавҳари худашро-Неъматро вай; балки шавҳараш наздик мешуд ба воридгоҳи бино: магар пай бурда ва ё дониста буд, ки Лоҷувард ва писараш ин ҷо панаҳ бурдаанд? Ва ё аз сари таваккал меояд ба ин ҷониб Неъмат?
Хуллас Неъмат имрӯз ҳам аз баҳри онҳо набаромадааст ва амсоли дирӯза ва дишаба дар суроғи онҳо буда ва аз думболашон омадааст.
Лоҷувард чанде ноҷумбон ва шахшуда монд. Баъдан худашро яктарафа кашид.
Охир Неъмат наздиктар мешуд ба воридгоҳи ин иморат.
Лоҷувард худашро ба дарунтари долон гирифт, шояд барои он, ки Неъмат набинад варо.
Вале Неъмат ба ин бино ворид гардида буд.
Лоҷувард худашро сӯи зинапояҳо кашид: дигар илоҷ ҳам надошт вай.
Неъмат гӯё аз долон сӯи зинапояҳо майл намуд.
Лоҷувард маҷбур худашро аз зинапояҳо боло гирифт: дигар роҳе надошт боз вай.
Вале дар долони ошёнаи дуюм биистод: дигар куҷо ҳам мерафт? Баъд чӣ хел бозгашта даромада метавонист назди Ромиш ва чӣ гуфта ҳам метавонист ба ин ҷавонмард, ки аз кадом боис баргаштааст ба наздаш аз нав?…
Вале шавҳари Лоҷувард-Неъмат бо поғундаи зинапоя боло мешуд.
Ана ба поғундаи охир расид, ба долони ошёни дуюм баромад.
Шояд медид ҳозир зани худашро вай? Яъне Лоҷувардро пайдо менамуд ниҳоят Неъмат.
Аммо Лоҷувард дар долони ошёнаи дуюм ҳам набуд. Пас куҷо шуда бошад, ки дигар ҷойи рафт ҳам надошт?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё