Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Неъмат, ки зӯр зада, аз равзана рӯи бом гузашт, лаби бом омад. Чун касони дилхоҳро пайдо накард, ноумед гардид. Ниҳоят аз сари бом тоб хӯрд ва беҳол сӯи равзанаи кушодаи иҷорахона баргаштан хост.
Бале гӯё Лоҷувард ҳам рафта буд аз Неъмат… Гуё дуо расида буд ба вай, ки чунин шуда дар ҳаёташ думболи ҳам вақтҳои охир.
Вале ногаҳ як чиз водошт варо ҷонибе нигаристан. Дар дуриҳои дур, миёни тури борон дид занашро ва писари худашро. Дид, ки онҳо қадамашонро тезонида, дуртар рафтан мехоҳанд ва паси анбӯҳи дарахтони кӯча гоҳ пинҳон ва гоҳ айён мешаванд. Ва писараки беҳол салафанхалтаи модарро зӯр зада, бардошта, мадад расонида, пеш рафтан мехост, ҳарчанд такон мехӯрд аз бори дасташ писарак.
– Оҳҳо-ҳооэ! - ногаҳ фарёд баровард Неъмат ба онҳо синча карда.
Равандаҳо ё нашниданд, ё шунидан нахостанд, ки мерафтанд ҳамоно.
Неъмат ба ҳаяҷон ва ғирев ва ҳатто ба қаҳр омада буд ва якбора ба гӯшаи бом наздик омад ва овоз баровард:
– Оҳҳоо-эъ!… Зӯри ман ба ҳеҷ кас нарасад ҳам ба шумо мерасад!
Онҳое, ки бояд мешуниданд панаҳ гардида буданд.
Неъмат, сари ҳаяҷон, ё шояд сари қаҳр, баногаҳ аз сари бом парид чунон ки писараш ва занаш парида буданд аз ин ҷой.
Вале аз даруни кӯлмаки борон ба зудӣ хеста натавонист Неъмат, ки яқин ба пои маъюбаш боз зурӣ оварда буд чунин паридан ва чунин афтиданҳо.
Чун хест, бештар мелангид, вале зӯр мезад, қадамашро тезонида бошад ва ҷонибе рафта бошад, ки писараш ва занаш панаҳ гардида буданд.
– Ҳоло ба дастам меафтед шумоён!...

  • маълум буд, ки изтиробу қаҳраш аз ҳад гузашта ва дигар худашро дошта наметавонад, ки чунин нидо мезанад: - Оҳҳоо-еэъ!...

Лоҷувард ва писараш ҳанӯз аз кӯчае ба кӯчаи дигар мегузаштанд.
Вале яқин ҳоло куҷо рафтани худро намедонистанд дар шаҳри боронӣ, ки баробари қатраҳои борон торикӣ ҳам мерехт болои он.
Бо вуҷуди ин шитобзада мерафтанд унҳо.
*
Вале аз думболагирии унҳо канда нашуда буд марде, ки пештар шавҳари яке буд ва падари дигаре.
– Ина бинанд-а,

  • ғурғуркунон мегуфт Неъмат бо худ.
  • Ман пештар аз инҳо ошкору пинҳон мегурехтаму инҳо маро мунтазир мешуданд, акнун, бинанд, ки инҳо мегурезанду ман аз думболи инҳо кашола-аъ…
    Вале яқин медонист Лоҷувардро ва писарашро даст гирифта, ба хонаи худаш бурда метавонад. Ва медонист, муяссараш мешавад, ин, албатта.
    Баъд дар ин ҳангоме, ки шаб мефарояд Лоҷувард ва писари гурезони варо кӣ дар хонаи худ қабул медорад ва кӣ пушту паноҳ мешавад? Дар ин шаб иҷорахонаи дигар ҳам ёфтан илоҷ надорад барои унҳо…
    Писараки беҳол, ки канда-канда нафас мегирифт, ба сулфа омада буд. Писарак, мисли модараш қабат ба қабати ҷонаш намӣ ва тарӣ кашида буд ва барои ҳамин бо фаромади шаб сардии фузуда ба ҷисми вай кора мекард.
    Аз кӯча ба кӯчаи дигар мегузаштанд ҳамоно писараку модар ва писарак ҳамоно месулфид.
    Шаб ба нисф майл мекард.
    Дар ин шаҳр, ки ҳатто рӯзона иҷорахона ёфтан осон нест, магар дар ин нимашабӣ мумкин бошад-а?
    Ногаҳ худашонро диданд модару писар қариби иморати болохонадори кампире, ки як вақтҳо ин ҷо иҷорахона кофта, ворид шуда буданд, вале боз рафта буданд аз ин ҷо.
пешина
аз 59
навбатӣ