ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

– Ман туро ҳамроҳи худ мебарам, Лочувард,
- овози Неъмат омад боз аз паси дар.
Лоҷувард сӯи дар неву сӯи тиреза омад, аз чӣ бошад. Тирезае, ки панҷара дошт.
«Магар аз он баромадан мумкин?»– нигоҳи писараш чунин маъниро ифода мекард.
Панҷараи тирезаи иҷорахона аз ду ҳисса иборат буд, онҳоро қулфе ба ҳам мебаст.
Дастони Лоҷувард калиде, ки аз куҷое ёфта буд, ба ин қулфи панҷараҳо андохтан мехост ва кушодан мехост.
Акнун аз ду тараф шарақошуруқ меомад: падар қулфи дарро кушода, ворид шудан мехост, модар қулфи панҷараи равзанаро кушоданӣ мешуд барои баромадан.
– Лоҷувард зӯри ман ба ту мерасад. Худат медонӣ... Даромада метавонаму…
Ва як чиз тарраққас зад: шояд Неъмат, дар ҳақиқат қулфро кушода ва ё шикаста, ворид гардида буд.
Не, қулфи зери калиди дасти Лоҷувард кушода шуда буд ҳоло.
Вале тарраққаси аз ин ҳам зиёд ба амал омад. Шояд ворид шудааст, Неъмат, дар ҳақиқат ба иҷорахона акнун?
Аммо ин ҳам гулдурроси раъди осмон буд. Гулдурроси абрҳое, ки боз осмонро печонида ва сияҳ карда буданд.
Лоҷувард ду паллаи тирезаро ҳам тела доду боз намуд.
Дар ҳоло меҷумбид бештар, қулфаш гӯё ҳамин ҳозир кушода мегашт.
Лоҷувард дасти писарашро гирифту сӯи равзанаи бозшуда майл кард.
Лоҷуварду писараш аз тиреза болои боми як қисмати бари иморат фаромаданд, ки он боми бинои якқабата буд, шояд ҳамчу амборхона сохта шуда буд кадом вақте бари ин бинои дуқабатаи қадим. Дар болои боми кӯҳнаи патдор, ки аз таъсири борони шурӯъгашта лағжон шуда буд, бачаяк лағжида афтид. Вале ҳамоно бархост.
Фақат аз болои ин бом роҳи фаромад набуд рӯи замин: на аз ин тараф, на аз тарафи дигар; шояд нордбони амборхонаи қадим кайҳо фартут гардида, рехта буд.
– Шояд ба ту азоб бошаду қафо гардем-а, - чун роҳи фаромадро дарнаёфта буд Лоҷувард ноилоҷ монда изҳор дошта буд чунин дар ниҳоят.
Бачаяки беҳол, ки дар гӯшаи бом буд, якбора поён парид, Лоҷувард аз тарс овози «уҳ– ҳе!» баровард.
Писарак рӯи оби кулмакшави борон, ба поён афтид, лағжида, хело рафт. Вале хест дар ниҳоят.
Аз поён, ба сари бом, ба модар тарзе нигарист, ки «ту ҳам пар, акнун!»
Лоҷувард салафанқоғазҳоро поён партофт. Аммо худаш парида натавонист, ё шояд дар умри сараш аз чунин баландӣ боре напарида буд. Сари бом гоҳ майли пеш ва гоҳ майли қафо карда, вале парида наметавонист вай. Баъд қафо рафту аз сари бом панаҳ гардид. Дигар намоён нагашт ва писарашро ин ҳайрон кард…
Неъмат ҳамоно зӯр мезад бо калидҳои худ барои кушодани дари иҷорахонаи Лоҷувард.
Қулфи дар, ниҳоят, аз таъсири зурзаниҳои вай якбора кушода гашт ва Неъмат силтав хӯрда, якбора вориди хона гардид. Дурахши барқ ҳам ба хона зада даромад. Аз таъсири боду борон паллаҳои яке аз равзанаҳои кушодаи хона меҷумбид, ба ин хона шамол роҳ ёфта буду дигар ҷонзоде наметофт.
Дар беруни тиреза ҳам касеро надид Неъмат ва болои бом холӣ метофт ба назараш...
*
Неъмат бехабар буд, ки занаш ҳам паридааст аз сари бом ва ҳоло андаруни кулмак мехобад ва писараш зӯр мезанад, модарашро хезонида тавонад.
Модарро хезонида тавониста буд писарак. Ва яке аз салафанхалтаро аз дасти вай гирифта, зӯр зада, рафтан мехост, ки бори модар сабук бошаду суръат гирифтанаш имкон гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё