Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

…Рӯзи дигар омада буд болои шаҳристони азамат.


Неъмат, ки ҳанӯз саҳл– саҳл мелангид, дар кӯчаи миёни биноҳои азим мерафт. Вай ҷониби бинои Афсона намерафт аз чӣ бошад. Шояд медонист дигар он сӯ рафтан барояш фоида надорад. Ва Неъмат кадом бинои дигарро мекофт ҳолиё ва кадом касҳои дигарро ҳамчунин.
Ва чунин овора буд дар кӯчаҳои шаҳристон вай.
Мекофт кадом биноро ва аз онҳо мекофт кадом нафарҳоро.
Ва бар он биноҳое, ки як вақтҳо занаш Лоҷувард ва писари овораву аз хонаву дари худаш рафта, ворид шудаву баромада буданд, Неъмат ҳам ворид мешуд ва мебаромад ва тахминан бо роҳи идомадодаи онҳо роҳашро идома медод.
Неъмат мекофт бинои дигарро ва кадом касҳоро андаруни онҳо.
*
Ва ниҳоят ба биное ворид гардида буд вай.
Ба даре наздик омад. Лаҳзае истод. Пасон дарро тақ-тақ кард, зеро дар тугмачаи занг ҳам надошт.
Онҳое, ки дохили хона буданд, ба якдигар нигаристанд. Кадоме бошад, ки нафареро интизор набуданд дар ориятхонаи худашон онҳо? Интизор набуданд на Лоҷувард ва на писари вай.
– Кист? - овоз дардоданд онҳо.
– Ман...
– Кӣ? - нафаҳмид каси овоздода.
– Овози шавҳари худатро нашинохтӣ-а?
Ин суол Лоҷувардро, ки дохили хона буд, ба ҳайрат овард. Бале интизор набуд инро тамоман вай.
– Дарро кушо! - овози Неъмат омад аз нав.
Лоҷувард ҳайратзада буд.
Писараш аз модар чашм намеканд.
– Омадани ман чӣ маъно дорад, худат мефаҳмӣ, Лоҷувард,

  • сухани Неъмат омад боз.
  • Яъне гуноҳҳои аз худам сарзадаро ба калла гирифтаам.
    Ҷавоб наомад аз даруни хона.
    – Ман, ки боре ба чизе сар нафаровардаам, бин, ки ба калла гирифтам гуноҳҳои худамро...
  • Неъмат чунин изҳор дошта буд.
    Аз дарун хомӯшӣ буд ҳанӯз…
    – Худат медонӣ, ки бо ҳама роҳ ман дарро кушода, даромада метавонам…
  • ва Неъмат кисаашро кофт ва калидҳое баровард.
    Шараққас зада, зӯр задани каси берун барои кушодани қулфи дар эҳсос мегардид.
    Лоҷувард, ки шахшудаву пакар меистод, ба писараш назар андохт.
    Шояд калидҳо ба ин қулфи қадими дари қадим мувофиқ намеомад, ки каси берун изҳор дошт:
    – Дарро кушо. Ҳамроҳ бармегардем ба хонаи ман. То кай дар иҷорахонаҳои носоз сарсону овора шуда мегардӣ?
    – Ин сарсониву оворагиро ба сари ман магар худи ту наовардӣ? - кафид Лоҷувард якбора.
    – Ман гуфтам, ки гуноҳҳоямро...
    – Як бор дар ҷавониҳот, гуноҳи дар хобгоҳ кардаатро ҳам ба калла гирифта будӣ, аммо баъд ба сарам чунон иснод овардӣ, ки…
  • Лоҷувард боз худашро дошта натавониста буд.
    – Одам як бор намефаҳмад, ду бор намефаҳмад, баъд мефаҳмидагист-да,
  • овози Неъмат садо дод аз беруни дар.
    Вале аз дарун ҷавоб наомад.
    – Бо вуҷуди ин ман мебарам бо худам туро. Ҳамроҳи писарат мебарам. Худат медонӣ, ки ман метавонаму…
    Ба сари Лоҷувард, ки то хело карахт меистод, ниҳоят кадом фикр зад, ки аз ҷевон ду халтачаи салафанӣ бароварда, чизҳоро ба он андохтан гирифт. Аз ҳаяҷон дастони саросемааш меларзиданд.
    Писараш ҳайрон менигарист ба Лоҷувард: магар модар барои рафтан бо шавҳараш омодагӣ мегирад, ки чизҳоро саросема меандозад ба салафанхалта? Ҳамон ду салафанхалтаи кӯчак, ки бо онҳо омада буданд ин ҷониб ва тамоми бисоти гирифтаашон аз хонаи Неъмат андаруни онҳо ғунҷида буд.
пешина
аз 59
навбатӣ