ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Мардаки ҳамсоя ҳанӯз паси остона меистод.
Гиряи Афсона басанда намешуд, ки аз ларзаи китфони харобшудаи вай бармеомад.
Мардаки ҳамсоя паси остона намедонист чӣ кунад. Баъд гӯё натавонист, яъне натавонист ин бонуро-Афсонаи ба ғурбати худаш печидаро ба ин ҳол партофта равад.
Шояд барои ҳамин ба дарун по ниҳода буд мардак. Яқин сухани даркорӣ ва тадбири дигар дарёфта натавониста буд ғайри ба дарун по ниҳоданаш. Андаруни хона ҳам тулонӣ рост истоду гӯё тадбир ва чораи даркорӣ ёфта натавонист, ки рӯи диван нишаст.
Аз ҷониби тиреза, аз китфони ларзони Афсона чашм канда наметавонист вай.
– Албатта ҳамааш ба номуайянӣ тоб хӯрд дар ҳаёти шумо, чунон ки дар ҳаёти ман ҳамааш номуайян аст хело боз…
Марди ҳамсоя тулонӣ хомӯш монд, пеш аз он, ки боз афзуда бошад:
– Вале ин номуайянӣ беҳтар будагист нисбате, ки дар ҳаёти кас бошад Неъмат барин нафаре. Ё нодуруст гуфтам?
Афсона чизе намегуфт, вале ҳанӯз китфони харобшудааш меларзид, балки бештар ба ларза омада буд ин китфон.
– Аслан дар дунё қисмати бештари одамон дар ҳоле умр мебаранд, ки қисматашон печидаву номуайян бошад… Чуноне ки азони мо ҳамин тавр шудааст,
- мардаки ҳамсоя баъди ин дигар илова накард.
Афсона ҳам ба хаёлҳои худаш амиқтар фурӯ рафта буд.
Неъмат дар хонааш менишаст беилоҷ…
Баъд ба чанд ҷо занг бизад вай.
– Алло, Сафина…
Алоқа канда шуд.
Боз занг зад.
– Маро нашнохтӣ-а? Алло, ин ман, Неъмат. Ёдат ҳаст; рафта будем бо мошини ман… беруни шаҳр?… Ишқи сегона…
– Шинохтам, барои ҳамин гушакро партофтам.
Боз алоқа канда шуд ва гуд-гуд монд дар гӯшак ва дигар ҳеҷ чиз набуд.
Неъмат гӯё дигар ҷое телефон карда наметавонист.
Шаҳри азим ҳанӯз ҳаёти пурпечи худашро идома медод ба сони собиқа.
…Боз албомро варақ мезад Неъмат.
Ва миёни суратҳо боз сурати занашро дарёфта буд, яъне сурати Лоҷувардро.
Лоҷувард буд бо шиками бардамида...
баъд Лоҷувард буд бо писари навтавлиди худаш...
баъд бо писараки нав роҳраваш, баъд бо писаракаш кадом як бозиву шухӣ мекард Лоҷувард...
Неъмат ба ин ҳама нигариста, бори аввал эҳсос намуд, дар ин суратҳо худаш нест паҳлӯи занаш Лоҷувард.
Боз саросема ҳамаи суратҳои албомро аз назар гузаронд.
«Ман нестам дар ягон сурати инҳоо-а?»– Неъмати ҳайратзада ба хайёл рафт.
- Вале як сурате буд, ки…»
Ва ёдаш расид, ки чӣ хел ҳамроҳи Лоҷувард ва Неъмат сурат гирифта буданд ва шараққаси суратгиракро гуё шунид ҳоло баръало ва ларзид, ҳарчанд аз байн солҳои зиёд гузашта буд аз ин рӯйдод.
Аммо расми Ромишро аз ин сурат бурида ва дарронида буд худи Неъмат ва партофта буд пеши пои Лоҷувард расми ҷудокардаи Ромишро… Ин як замони дуре буд…
Бале инро ҳам ёд овард Неъмат.
Аммо расми дупора ҳам набуд акнун андаруни албом ва онро намеёфт Неъмат.
Ягона расме, ки Неъмат бо Лоҷувард буд, ҳоло набуд андаруни албом, ҳарчанд ҳама расмҳоро аз албом рӯи мизи чангзеркарда резонида буд вай ва баъзе суратҳо ба поён, рӯи гилем ҳам афтида буданд.
Ба хаёлҳои амиқтар рафта буд Неъмат.
Хайёлҳояш бештар печида мешуданд…
«– Ягона касе, ки нозҳои туро мебардошт, ба ҳамааш тоқат мекард ҳамун занат буд, ки вай ҳам рафт аз ту»– таънаи марди ҳамсояи Афсонаро шунид гӯё аз даруни хайёлҳои худаш Неъмат ва рангаш тағир ёфта буд бештар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё