ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Дасти Неъмат тарафи занги дар рафт.
Аммо дар кушода намешуд. Шояд Афсона аз асари гиряҳояш овози зангро намешунид, ё шояд дарро кушодан намехост. Бале гиря мекард Афсона ҳоло худро рӯи диван партофта.
Дастони беҳоли Неъмат, дар танаи девор, паҳлӯи тугмачаи занги дар муаллақ монд.
Вай донист, ки ин дафъа дар кушода намешавад.
Неъмат дар чунин ҳол тулонӣ истод.
Шояд тарсе ҳам дошт барои дарро бо зурӣ зада даромадан, тарс аз марди ҳамсоя, ки дари вай ханӯз кушода меистод.
Вале қасосашро хоҳу нохоҳ Неъмат аз дари кушодамондаи ҳамсоямард гирифтан хосту ба он лағат фаровард.
Вале дар, ки оҳанин буд, ба пойи зарбазадаи Неъмат лат оварда буд ва чунон буд, ки вай пояшро дошта, чарх зад.
Марди ҳамсоя аз лағатзании вай набаромад, шояд дигар ба ин моҷаро ҳамроҳ шудан нахост, ё шояд худашро муддате нигоҳ дошта буд ва ба даст гирифта буд ва ё оқибати минбаъдаи корро интизор мешуд…
Дар долоне, ки дараш аз ду тараф пӯшида шуда буд, фақат Неъмат монда буд чун собиқа…
Баъд Неъмат, ки пойҳояш айёнтар мелангид, аз поғундаи зинапояҳо поён мерафт.
Дар баромадгоҳи бино муддате истод, ба тирезаи Афсона назар андохт. Мунтазир буд, ки Афсона ва чеҳраи вай он ҷо падид меомада бошад? Аммо пайдо нашуд Афсона дар паси тирезаи хонаи худаш.
Неъмат барои ҳамин чанде рафт, боз истод, якрӯя гашта, боз сӯи тирезаи хонаи Афсона назар андохт. Мунтазир буд, ҷавонзан ва чеҳраи вай пайдо мешуда бошад дар он ҷо.
Аммо паси тирезаи хона холӣ меистод ҳанӯз.
Неъмат муқаддам аз он, ки боз лангон ба ҳаракат дарояд муддатҳои зиёд ин ҷо карахту шахшуда монда буд. Чунин шудани оқибати корро пешакӣ тассавур накарда буд. Аммо ҳамааш чунон тоб хӯрда буд, ки… Басо ногоҳон тоб хӯрда буд барои вай ин ҳама…
Андаруни хонааш гиря мекард Афсона канда-канда.
Маълум набуд, ки барои Неъмат гиря мекард ва ё аз боиси дарки бештари ҳақиқатҳои талхи аз сараш гузаштаву омада.
Неъмат равон буд ҳоло дар шаҳр, мерафту мерафт, вале дар асл гӯё намедонист куҷо меравад ва чаро бояд равад? Хоса чаро, ки равад чунин шикастхӯрда? Ва ягон бор чунин шикастхӯрда рафта буд магар?
Ва бори аввал гӯё куҷо рафтан ва чӣ кор карданашро намедонист ҳоло.
Шаҳри азим дар равуои ҳамешагии худаш буд.
Ва шаҳри азим андарунаш ҳамеша ҳодисоти зиёд дошт ва ин ҳодисаҳо низ мудом дар гардишу печиш буданд.
*
…Неъмат ниҳоят дар хонаи худаш буд, пояшро мебаст.
Ва ба андешаҳои амиқтар рафта буд.
– «Аз ҷое, ки умедвор набудан ва аз касе, ки умедвор набудан якбора шикаст хӯрдан-а? Даври гардун ба муроди мо нагашт, ки!»– аз чунин андешаҳо якбора мушт зад ба мизи пешаш Неъмат. Мизе, ки чанги бештар бардошта буд ларзида, пайи мушт дар миёни чангҳо бозмонд. Неъмат бо муштзаниаш шояд таскин ёфтан мехост ва ё касеро таҳдид кардан мехост бо ин шеваи худ…
– Ун дафъа бозори мева барои ту мева мехарем, гуфта рафтему аммо нахарида омадем. Акнун боз он ҷо меравем, зеро барои ту витамен лозим. Зеро сулфаат ҳарчанд кам шуда, вале рангат коҳида мондааст.
– Бозор барои он меравем, ки ун марду духтарашро агар бинем, боз гурезем-а?
Ба ин суоли писарак Лоҷувард посух надод. Балки посухи яқин надошт ба ин суоли писари худаш ҳоло вай.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё