ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Неъмат такон хӯрд, вале дӯғи дигаре зад:
– Очағар-е! - амали ҳамсоя яқин ғаши варо афзуда буд…
Марди ҳамсоя дигар ҳама чиро аз даст дода буд ва «ҳҳумм!»– гуфта, Неъматро панҷа зад ва «ҳҳумм!»– и дигар гуфта, варо бардошт болои сар.
– Ҳама медонанд, ки ман бо касе муштбагиребон шудан ва ҷанг карданро хуш надорам. Вале гапе, ки ту дар ҳақи модари ман гуфтӣ!…
- идомаи ғазабашро ифода кард бо он, ки бошаст Неъматро ҳавола кард беруни дар.
Шалаппасзанон фитода буд Неъмат ва зарба магар сахт буд, ки чанде хеста натавонист.
– Вақте «ба ин занак ҳуқуқ дорам»– гуфта, ҳукм мекунӣ, худи ин занакро пурсидӣ магар? Дили ин зана медонӣ магар?... - маълум буд, ки алоби дили марди ҳамсоя ҳанӯз паст нашуда: - Медонӣ дили ягон занака, ғайри хоҳишҳои худатро ба сари онҳо бор кардан?… Медонӣ, ки барои чӣ зани ин хонадон дарашро ба рӯи ту кушодан нахост-а?
– Ба ту чӣ, номард?…
– Кӣ гуфт, ки ту марду ман не-ъъа? - қаҳри марди ҳамсоя боз фузуда буд. - Ҳарчӣ набошад, ман одамвор фаҳмидан мехом дили инсонро… Аммо ту? Ҳатто дили зане, ки бо ту будааст ва бо ту ба бадбахтӣ печидааст ва акнун тағир хӯрдааст, фаҳмидан намехоҳӣ. Шояд фаҳмида ҳам натавонӣ…
– Даҳаната мепӯшӣ ё не, очағар-е..?! - тоқат накард Неъмат ва яқин ғайри ихтиёри худаш кафида буд аз сари нав.
– Гумон кардӣ, ман ҳама чизи туро мебардорам? О, ҳатто, занат, ки ҳама чизи туро солҳо мебардошт, аз ту рафт, ки ман инро ҳам маълум карда донистам-панҷа зада, Неъматро бардошта буд вай.
– Дигар лозим не, - ба моҷаро ҳамроҳ шудан хост дар ниҳоят Афсона, ки пайдо шуда буд дами дар, зеро дониста буд, ки кор аз кор гузашта.
– Дилат сӯхт-а, дар охир?… Аммо дили ин мардак сӯхта буд ягон бор барои худи ту? А?! Вақте ки туро фиреб карда, маъюбу маслуқ карда, ба сарат бадбахтию касофат оварда, шавҳаратро ва духтаратро аз ту гурезонидуу?… - марди ҳамсоя ба «ту-ту»
гузашта буд нисбати Афсона.
Вале барои Неъмат чунин гуфт:
– Ту ҳоло шукр гӯ, ки ман ба ҳурмати ҳамин занак шуда, туя аз зинапояҳо нишеб намекунам, ки дасту поят нашиканад ва туро боз набаранд ба беморхона! - марди ҳамсоя барои он, ки Неъматро назанад, мушташро ба дили ҳаво барзад. Аз ин ҳаво шуввӣ бурида шуд. Марди ҳамсоя барои он, ки сари қаҳр боз ба Неъмат начаспад, қафо тоб хӯрд. Ва рафт ҷониби дари хонаи худаш.
Балки ба Афсона боз гуфт:
– Айби худат низ ҳаст, ки ҳамеша ба чунин ношудҳо гузашт мекунӣ! - ин суханаш дахл дошт ба Афсонаи дами дар.
Марди ҳамсоя дарашро кушода, ҳамчунон бо ғазаб аз думболаш пӯшонид, ки аз зарби он дар бозгашт во гардид.
Ҳарчанд дарро кушода мондан одати вай неву одати Афсона буд, вале дари вай кушода монда буд акнун.
Афсона худашро андаруни хонааш зада буд, вале аз паси вай дар пӯшида шуда буд ва шараққӣ маҳкам гашт.
Афсона худашро рӯи диван партофта буд ва меларзид.
Дар долони паси дарҳо монда буд Неъмат.
Ва боз қоматашро рост кард ва болои пойҳои ланговарда беилоҷ меистод.
Баъдан боз зӯр зада, худашро паси дари Афсона гирифт.
Дари Афсона аз дарун маҳкам буд, ё худи қулфи дар аз асари пӯшида шудан маҳкам гардида ва ё сабаби дигар буд… Ба ҳар ҳол Неъмат онро тела дод, ки кушода нашуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё