Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

…Бо вуҷуди ин дар бозори мева буданд онҳо: модару писар. Аҷибаш, ки ин дафъа ҳам вохӯрданд бо ҷавонмард ва духтари вай, яъне бо Ромишу фарзандаш.
Ҳарчанд аз ин вохӯрӣ андак суст шуданд, вале аз ҳамдигар дур нарафтанд ва нагурехтанд онҳо.
…Баъд бо салафанхалтаи пур аз мева мебаромаданд аз бозор. Мебаромаданд Лоҷуварду писараш. Ромишу духтараш ҳамчунин баромада буданд бо салафане, ки меваи харида дошт.
Ҳарчанд ба якдигар наздик набуданд, вале дур ҳам набуданд унҳо: Лоҷуварду писараш, Ромишу духтараш.
Бо якдигар ҳарф намезаданд, вале аз якдигар нагурехта буданд онҳо ва гурехтан ҳам намехостанд гӯё ин маротиб.
Ва ба кадом хайёлҳои аҷибу ширин ҳам мерафт чашмони аз андешаҳо даруннишастаи онҳо.
Ва даме, ки роҳҳо убур мекарданд, гӯё мошинҳои даргузарро низ эҳсос намекарданд.
Нозири роҳ, ки боре, дар як шаби боронӣ, ин ду нафарро маън карда буд, ҳоло низ ба лаб ҳуштак бурда, инҳоро, ки дар роҳ мошинҳои даргузарро гӯё намедиданд ва гӯё ба онҳо бархӯрда метавонистанд, маън кардан хост. Вале ҳарчанд ҳуштакро ба лаб бурд, аммо ҳуштак накашид нозири роҳ ва ҳамроҳи вай низ, ки дар паҳлӯяш пайдо шуда буд, ҳамчунин ҳуштак накашид ва ин роҳгузарони ба хайёли худ рафтаро, яъне Лоҷуварду Ромишро аз роҳ надоштанд ва сӯи хоначаи нозирон набурданд. Ва нозирон ҳам гӯё мафтун буданд ба ин ду ҷуфт, ки гӯё ба ҳам набуданд, вале гӯё ба ҳамдигар кадом як бастагии нозуку нарм пайдо карда буданд ин лаҳзаҳо...
Фақат ин бастагӣ чӣ қадар устувор буд, касе пешакӣ намедонист.


Неъмат ин лаҳзаҳо дар хонадони худаш ҳар гоҳ банди пойҳои дардманди худро молида, ҳар гоҳ як ба хонаҳои холӣ назар меафканд. Бармеомад, ки вай аз танҳоӣ зиқ шуда ва дилаш аламҳои зиёд дорад.
Баъд кадом як лавҳи мусиқаро монда буд, ки гӯш фаро диҳад ва андак таскин биёбад.
Аммо мусиқа, он чиро, ки дили вай мехост пур карда натавонист, ки онро хомӯш намуд ва чанд лавҳи дигари овозро, ки дар дасташ буд бо иллат рӯи мизи чанголуд партофт.


Ҳаёти шаҳри азим идома меёфт зайли собиқ.
Шаҳр дар ҷумбиши ҳамешагии худ буд чун рӯзҳои дигар.


Зани аслии Неъмат-Лоҷувард дар иҷорахонае ва ҳамчунин ғарқи хайёлҳои худаш буд. Ва ин хаёлҳош акнун ба чӣ дахл дошт, маълум набуд.
…Ва дар ин иҷорахона писараш халал расонидан намехост ба андешаҳо ва хайёлҳои модараш.


Неъмат ниҳоят албомеро гирифта буд, ки андарунаш суратҳои бонувони зиёд буд.
Яке буд зани худаш Лоҷувард, ки Неъмат онро чаппа кард, аз чӣ бошад. Ва сурати дигарро гирифт. Ва ин бонуи дар сурат аксёфта магар маъқулаш гашт, ки Неъмат як ба хайёл рафта, оҳиста гӯшаки телефонро ба даст гирифт ва рақамҳоеро барчид.
– Дурдона? - овоз дардод вай
– Бале.
–
….
– Ягон хизмат ҳаст?
– Ин ман… Неъмат?
– Неъмат?…

  • яқин ба андеша рафта буд соҳибаи овоз.
    – Қариб ёд овардӣ-а? Ҳоо, ёдат ҳаст… Мо шинос шуда, баъд рафта будем бо мошини ман беруни шаҳр… Доири ишқи сегона ҳарф мезадем он ҷо… Баъд…
    –
    …..
  • аз он ҷониб хомӯшӣ буд, яқин ягон чизро ёд меовард, ё боиси дигар буд дар миён.
    – Алло…
  • варо барангехтан хост Неъмат, яқинтараш ишқу иштиёқу ҳаваси собиқаи варо барангехтан мехост.
пешина
аз 59
навбатӣ