ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Миёни духтарчаҳои зиёд мегашт.
Духтарчааш варо дида буд, ҳарчанд худи Афсона надида буд духтарчаашро ҳанӯз.
Духтараш миёни духтарчаҳои зиёд пинҳон шудан мехост.
Афсона ҳам миёни духтарҳои зиёд даромада буд. Вай фарзанди худашро ёфтан мехост. «Ана ин аст, духтарам»– ва ин духтарчаро ба сӯяш гардонид.
Аммо каси дигар буд ин духтарак.
– Ман духтарамро мекофтам—Тобонро…
– Вай… ана, ҳуу ун ҷо,
- ишора кард духтарак.
- узромез ифода кард Афсона.
- Аммо чаро аз шумо мегурезад, хола, вақте ки духтари шумо бошад?
Афсона, бо ранги дигаршуда, ҷавоб надод. Аммо тарафи духтараш рафт, ки вай дур шуда, пинҳон гаштан мехост.
Духтараш худашро паси девор, ё сутун кашида буд. Аммо як пойи туфлиаш ҳанӯз метофт.
Афсона ба он тараф рафта буд.
Туфлии духтарак он ҷо буд. Аммо худи духтарак паси деворча ва сутун наметофт.
– То-бо-он!
Духтарчаи дуршуда медавид ва мегурехт. Мегурехт як туфлӣ дар пояш. Мегурехт аз модараш Афсона ба зудӣ варо боз гум кард ва дигар ёфта натавонист, ҳарчанд ҷустуҷӯяшро идома ҳамедод.
Ва ана туфличаи дигари духтаракро бидид баногаҳ. Паҳлӯи буттадарахтҳо буд ин туфлича. Ва он сӯ рафт Афсона. Аммо духтарча боз набуд, ҳарчанд пойи дигари туфлича ин ҷо меистод.
Афсона нигоҳи ноумедашро аз атроф барканду боз ба як пойи ин ҷо мондаи туфлӣ овард. Ва дар як химчаи шикастаи бутттадарахти паҳлӯи туфлича варақчае халондагӣ буд. Ва он навиштае дошт: «Ман туро дӯст медорам, оча. Вале бе дадам наметавонам. Барои ҳамин назди дадам меравам… Маро дигар накоб, оча».
Афсона хати духтарчаашро, ки басо саросема навишта шуда буд, шинохта буд.
Худи духтарча дар атроф наметофт ва нишоне аз вай дигар набуд. Яъне кофтани вай акнун фоида надошт.
Афсона бехи химчаву буттадарахтҳо нишаст. Беҳол ба буттадарахтҳо такя кард.
Як пой туфличаи духтараш дар дасташ меларзид, пойи дигари туфлича ҳанӯз паҳлӯи буттадарахт рӯи замин меистод.
Баъд дар хонааш буд Афсона. Андешаманд менишаст.
Гӯё ин ҳолаташ охир надошт.
Телефон занг зад.
Хаёломез телефонро бардошт.
Гӯё овози духтарашро шунид:
«– Алло, оча ин ман. Ман Тобон. Ман худам аз ту гурехтаму боз худам занг задам ба ту. Занг задам, ки гӯям: «ман дигар аз ту намегурезам, оча. Ҳаргиз аз ту намегурезам, очаҷон…»
–
….
– Алло, наход маро шунида натавонӣ-а?
– Мешунавам-а.
– Агар шунавӣ-ин ман Неъмат. Чаро маро духтарам, ё Тобон меномӣ?
Афсона боз шах шуда буд ва ҷавоб дода наметавонист.
– Охир ин ман-Неъмат. Алло!
Афсона телефонро гузошт.
Телефон чанде баъд боз занг зад.
Афсона ба телефон нигарист, аммо онро дигар набардошт. Вай ба андешаҳои пурпечи худаш фурӯ рафта буд аз сари нав.
Паси тиреза шаҳри азим ҳамчунин гӯё ба андешаҳо печида ва ғӯтида ба назар мерасид.
– Бешухӣ зиқу дилгир шудаед зиёд,
- гуфт марди ҳамсоя, яъне «чарминапуш»– Барои ҳамин пушидани дарро фаромӯш кардаед боз.
- сухани вай аз паси остонаи дари нимроғ меомад.
- Худам низ бисёр зиқ. Барои ҳамин, иҷоза шавад, медаром. Паҳлӯи каси зиқшуда лозим шояд инсони дигар…
Марди ҳамсоя, ки даромада, нишаста буд, баъди ба Афсона аз сари нав зеҳн монданаш, афзуда буд:
– Ман медонам, ки зиққетон аз чӣ? Ҳоо. Зеро ягон кас ҷойи духтаратона ва шавҳаратона гирифта наметавонад, ҳатто ун мард, ки шуморо беруни шаҳр бурда буд, ба саратон нохушӣ оварда буд. Барои ҳамин зиқ Шумо… Барои он, ки ҳамдил надоред баъди рафтани шавҳар ва духтаратон… Чунон ки ман, ҳамдили худро гум кардаам баъди сари модарам…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё