ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

– Зеро ҳар ҷинс, бо вуҷуди ҳама чизҳои гузаранда ягон чизи ҳамешагӣ ва баэътимод доштан мехостааст дар ин дунё. Хоса, ки зан. Ва зан чизи баэътимодро аз ойиладорӣ мекофтааст, аз чӣ бошад, ки… Фаҳмидам инро, акнун...
Неъмат ҳанӯз ҳайрон буд, ҳарчанд, инро ошкор кардан намехост.
– Ту бо зане, ки то ин вақт шӯдор буд, ойиладор шуданӣ нестӣ-а? - якбора пурсид Афсона, ки рост ба Неъмат менигарист.
Неъмат фаҳмид: «занаки шудида» гуфта, Афсона худашро дар назар дорад.
Афсона боз афзуда буд:
– Балки тамоман навашро, ҳатто очаш набусидагиро интихоб карданиӣ барои ойиладории оянда?… Ҳамту не?… Яъне ҳарчанд занҳои дигарро истифода мебарӣ, вале дилат намекашад барои оиладорӣ бо чунин занҳо, ки худат ба васлу висол кашидаӣ то ин вақт?..
– Ту фолбин барин шудаӣ-а? Дилҳои дигарро хондан мехоҳӣ-а?… Ин мӯъҷиза-а!…
боз ба кадом шухие кашидан мехост Неъмат.
– Аммо ту…
– Гуфтам-ку, авлиё шудаӣ акнун! Балки файласуф...
– Зиндагӣ ва печутоби зиндагӣ одама чиҳое намекардааст!…
- Афсона оҳе кашид.
Ва баъд афзуд: - Хонема холӣ, онро бе шавҳару духтарам дида, якбора ба чунин андешаҳое рафтам, ки… чунон ҳисҳо ба дилам роҳ ёфт, ки…
Афсона сукут намуд. Балки ба андешаҳои ботинаш бештар печида ва ғӯтида буд дар бистари Неъмат. Бори аввал Неъматро баробари ҳис кардан гӯё ҳис намекард, дар ҳоле, ки Неъмат дар бараш буд чун собиқ…
Писари Лоҷувард аз ҷевони иҷорахона, аз даруни салафанқоғаз боз мекофт кадом чиро. Ва онҳоро ниҳоят дарёфт: боз ду пораи ҷудокардаи сурат буд. Ба пораҳо тулонӣ нигарист писарак. Падару модараш боз ҷудо буданд аз ҷавонмарди дигар-аз Ромиш.
Писарак аз ин ду пора чашм наканда, тулонӣ ба андеша рафт. Баъд аз куҷое боз шилм ва варақчаи сафед дарёфта баровард. Ва зӯр зада, порасуратҳоро пайваст карданӣ шуд аз сари нав.
– «Агар пораҳои зиндагӣ ва қисматҳоро бо шилм часпонда мешуданд… Аммо афсус, ки…»– овози модарашро шунид бача. Аммо худи модараш набуд, балки овози варо шунида буд аз хотири худаш ҳоло.
Писарак ҳамоно ба сурати часпонидаи худаш назар медӯхт.
– Аз ҷудо будан, якҷо будан зеботар… Ҳарчанд бо шилм часпонда шуда бошад ҳам,
- хулосаи писарак чунин буд, ки барои худаш мегуфт…
Ва гӯё кори ҷиддиро анҷом дода бошад, нафаси сабук кашид ва пораҳои якшудаи суратро гашта дар ҷояш монд-дар миёни чизҳои салафанқоғази мансуби очааш монда буд сурати пайвасткардаи худашро писарак.
Афсона бошад боз дар хонаи худаш буд ва танҳову зиқмонда метофт.
Ва тулонӣ ғарқи андешаҳои худаш пасу пеш қадам мезад андаруни хона, баъд ғарқи чунин андешаҳо боз назди тирезаҳо истод.
Ва ба роҳи мошингард тулонӣ назар афканд.
Ногаҳ ба ёдаш овард, ки духтарчааш чӣ хел дар роҳи мошингард мегурехт, балки медавид миёни мошини зиёд, ки онҳо ба вай бархӯрданашон аз эҳтимол дур набуд.
Афсона баъди чанде дар поён буд, дар бари роҳи мошингард. Аммо духтарашро он ҷо наёфт ва надид: хаёлҳояш барҳам хӯрда буданд, албатта.
Вале ба хонадонаш барнагашт Афсона.
…Ва баъди хайёлҳое ба кадом ҷонибе роҳашро идома дод, ҳарчанд парешон метофт амсоли мӯи парешони бетартибаш.
Баъд ба мактаби ибтидоии духтарона расида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё