Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

…Вале пораҳои ҷудокардаи суратро бори нахуст аз ҳам ҷудо-ҷудо неву балки якҷо монда буд, андаруни як салафанқоғаз монд онҳоро вай.
Писараш, ки аз кори ӯ чашм намеканд, ба андешаи амиқ рафта буд.
Модар ҳам назди ҷевон ба хайёлҳои худаш фурурафта монда буд…


Афсона аз думболаш пайдо шудани якеро эҳсос накард. Якеро, ки ба вай менигарист боз.
Ва буд ин марди ҳамсоя, яъне «чарминапӯш», ҳарчанд чармина надошт акнун дар танаш...
– Хавосатон ҳанӯз чунон парешон, ки пӯшонидани дари кушодаи худатонро фаромӯш мекунед...
– Ба кӣ акнун лозим ин хонаю даре, ки…

  • сухани Афсона буд оҳиста.
    – …Мефаҳмам ҳолати шуморо ман. Ба Шумо ҳам осон не, акнун…
    – Чанде хомӯш буд марди ҳамсоя.
  • Ҳамсӯҳбате лозим, ба Шумо, албатта, барои аз ин ҳолат баромадан...
    Афсона маълум набуд, барои ҳамсоямард табассум кардан хост ва ё аз кадом андешаи дигари ботинӣ гирди лабонаш кадом чизе падид омад.
    – Малол нашудед, ки ман аз думболатон ба хонаатон даромадаам?
    Афсона барои чӣ бошад эътироз накард, шояд дар ҳақиқат ба вай ҳамсӯҳбат лозим буд дар ин лаҳза ва ин ҳолате, ки дошт чанд вақти охир.
    – Аслан хавосам парешон шудааст, баъде ки…
  • Афсона хомӯш монда буд.
    – …Баъде, ки шавҳаратон рафту ин хонаву дарро монд барои Шумо…
  • сухани марди ҳамсоя буд чунин.
    Афсона оҳ кашид.
    – Шавҳари Шумо… Аслан одамони пурбардор ҳамин хел хислат доранд:
    мебардоранд, мебардоранд, баъд яку якбора қаҳр мекунанд, аз баҳри ҳама чиз мебароянд. Ин хел одамҳо як бор, ки қаҳр карда рафтанд баъд баргаштанашон душвор,
  • боз сухани марди ҳамсоя буд.
    Ва боз хомӯшӣ фитода буд дар миён.
    – Баъди марги модарам ва баъди гӯру чуби вай ҳис кардам, ки… ҳар инсон фикри ошиқиҳои лаҳзагиро не, фикри ойиладории мудомро карданаш лозим. Аз ишқҳои лаҳзагӣ одамон… он чизҳое дидаанд, ки диданашон лозим набуд шояд…
    Нигоҳи Афсона омада буд ба марди ҳамсоя. Ба марде, ки ҳоло тамоман наздики вай меистод…
    – Ҳаа, ишқ бояд ба ойиладорӣ кашида тавонад. Он гаҳ ба чунин ишқ бовар кардан мумкин… Ин ҳамаро низ баъди марги модарам ҳис кардам... Вале чаро ин қадар дер, ба ростӣ, намедонам… Пештар ҳатто шуморо ин хел ҳис намекардам, ки ҳоло ҳис мекунам. Аҷиб!…
  • боз ба Афсона нигарист ва афзуд: - Азоби Шумо низ аз ҳамин, ки аз ишқи лаҳзагӣ фиреб хӯрдаед…

– Акнун, ки шавҳари ман рафт, зани ту ҳам рафт…

  • чунин мегуфт Афсонаи ғарқи хайёл барои Неъмат. Зеро дар хонаи Неъмат буд боз ва дар рахти хоби вай ёзида буд.
    – …Акнун, ки шавҳари ман рафт… зани ту ҳам рафт…
  • такрор кард Афсона.

шояд онҳо дигар наоянд. Яқинтараш дигар намеоянд…

  • чанде хомӯш монда буд: - Шояд акнун… Шояд акнун ману ту дар фикри дигар шуда бошем-а…
    Неъмат ба Афсона тарзе нигарист, ки дар кадом фикр бояд шудан?
    – Шояд дар фикри он бошем, ки чӣ хел ойила бино кунем…
  • зӯр зада, боз илова кард.
  • …Охир ин метавонад болои шармандагии шударо пӯшонад… ҷойи холишударо пур созад… барои ману ту...
  • Афсона хомӯш монд.
    Неъмат нобовар менигарист ба Афсона: яқин чунин чизро умедвор набуд ҳоло аз вай.
    – Ин занҳо ҳама чиро, анҷом додан мехоҳанд мудом ба оиладорӣ-а? - боз ба шухӣ кашидан хост ин ҳолатро Неъмат.
пешина
аз 59
навбатӣ