ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Мевахарии Ромишу духтараш низ гӯё аз ёдашон рафта буд, ки миёни бозори пур аз мева, пур аз одам, пур аз ҳаракат монда буданд беҳаракат, монда буданд андешапеч, монда буданд ҳайратзада...
Лоҷувард бошад, ки кафи дасти писарашро ба кафаш гирифта буд аз бозор ҳамоно дур ҳамерафт…
Баъд…
Шаб кайҳо ба ҳукмронӣ гузашта буд ва оламро ва одамро ба оғӯши хоб кашида буд.
Вале Лоҷувардро хоб намебурд.
Хоб намебурд дар иҷорахонаи батартибу ба низому сомон кашидаи худаш.
Хобаш намебурд ҳарчанд бурда буд хоби писараш гӯиё.
Дар дасти Лоҷувард буд боз сурати дупора: Ромиш ҷудо, худаш бо Неъмат якҷоя монда...
Кадом як чиз роҳи нафаси Лоҷуварди ба хайёл рафтаро танг мекард, балки мебаст, ки зӯр зада, аз рӯи ҷойгаҳ хестан мехост ва ниҳоят хест ва рафт ҷониби равзана ва бо дастони беҳол як паллаи равзанаро тела дода бикшод, ҳавои берунро канда-канда ва талвосаомез нафас гирифта, фурӯ бурдан мехост. Сари синааш номураттаб пасту боло мерафт.
– Чӣ шуд, очаа? - маълум буд писараш ҳанӯз бедор бошад, на, ки хоб, чунон ки модар пиндошта буд.
– Ҳеҷ чиз…
- зӯр зада, чанде баъд афзудан мехост Лоҷувард: - Ту хоб рав...
– Хоб меравам, оча, вақте ки ту ҳам хоб рафта бошӣ.… - гуфт писарак чунин баъди хело.
Ҳарду ҳанӯз назди тиреза ҳавои берунаро канда-канда, чуқур-чуқур нафас мегирифтанд, ҳанӯз пуризтиробу ноором буданд.
Писарак дар хонаи чароғаш кушта, вале аз партави чароғҳои берун, ё ширмаҳтоб нимарушан медид пораҳои сурати дасти модарашро. Шояд модараш пинҳон кардани онҳоро аз писараш фаромӯш карда буд ин маротиб ва ҳанӯз медошт онҳоро дар дастони пурҳаяҷон...
Рӯзи дигар писарак танҳо монда буд дар иҷорахона. Аз ҷевони иҷорахона, аз даруни салафанқоғаз кадом чиро мекофт. Ниҳоят дарёфт, ки ду пораи ҷудошудаи сурат буданд. Писарак ба онҳо тулонӣ назар афканд. Падару модараш ҷудо буданд аз ҷавонмарди дигар-аз Ромиш. Писарак аз ин пораҳо ҳанӯз чашм канда наметавонист. Ба ёдаш меомад, ки модараш чӣ тавр ба ин пораҳо, ки дар дасти ларзонаш буд, ин шаб назди тиреза омада, нафастанг мешуд… Модараш шояд барои он ноорому пуризроб буд, ки сурат пораву ҷудо шуда. Писарак ҳам менигарист ҳоло ба ин пораҳои ҷудои сурат.
Баъд писарак аз куҷое шилм ва қоғази сафед дарёфта буд.
Пасон зӯр зада, порасуратҳоро ба ҳам пайваст карданӣ мешуд бо шилму қоғази дар паси сурат молидаву монда.
Дар ҳақиқат суратҳоро ба ҳам пайваст кард ва баъди ин гӯё кори ҷиддиро анҷом дода бошад, нафаси сабук кашид ва арақи пайдошудаи пешонаашро бо паси даст фиреҷ кард, баъд пораҳои якшудаи суратро гашта дар ҷояш ниҳод, яъне миёни чизҳои салафанқоғази мансуби модараш монд сурати бутуншударо вай.
Модар шаб ин чизҳоро кушод ва онро дид-ду пораи часпондаи суратро дид.
Нигоҳаш омад оҳиста ҷониби писараш.
Писараш хоб буд гӯё.
– Агар зиндагиро ва тақдири одамонро бо шилм (килей) ба ҳам часпонида мешуд, чӣ қадар… осон буд… Аммо афсус, ин дунё чунон шахшули муракаб аст, ки шилм пораҳои онро пайваст карда натавонад…
Писараш чашм кушод, яқин боз бедор буд бачаяк.
Модар пораҳои бо шилм часпондаи суратро ҷудо кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё