Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Вале ҳамин пурбардориҳош буд, ки аз ҳама чиз маҳрум монд... Аввал аз Лоҷувард-зани ман... Баъдан аз зани қонунии худаш...

  • ба Афсонаи оғӯши худаш ишора кард ва хост ханда занад. Вале маълум набуд, вай шухӣ мекунад ва ё таъна мезанад Ромишро дар ғоибаш бо ин тарзу усул.
    Боз ду қатра ашк, аз чӣ бошад, ба рухсори Афсона чакида буд.
    Аммо Неъмат гӯё инро ҳис накард.

Бозори меваи Шарқ. Ва чӣ меваҳои хушрангу дилрабое ҳаст дар ин ҷо. Гӯё гӯшаи биҳишт бошад бозори ин гӯшаи дунё, фақат фарқаш ҳамин, ки дар биҳишт меваҳо хариду фурӯш нашаванду ин ҷо хариду фуруш шаванд. Меваҳоро бо иштиёқи зиёд харидорӣ мекарданд мардум. Ва аз назди як растаи меваҳо мерафтанд назди растаи дигари пур аз мева иштиёқмандони лазизиҳои шарқӣ.
Миёни мардуми бозор, миёни фурушгору харидорон метофтанд Лоҷувард ва писари вай. Ва онҳо харидорӣ мекарданд аз меваҳо. Яқин барои писараш мехарид маваҳоро Лоҷувард, ки аввал ба писараш нишон медод ва чун вай хуш кунад, пасон хариданӣ мешуд. Писарак чашида медид меваро, бармеомад, аз тамъи он лаззат мебарад; аз дурахши чашмонаш, аз андомаш ин айён мешуд. Ба писарак нигариста, Лоҷувард ташвишу печишҳои гузаштаи оламро гӯё фаромӯш кардан мехост ин ҳангом.
Писарак дар назди растаи меваҳо як вақт ба кадом касе бархӯрд,.
Аслан ба ҳам бархӯрдани тани инсон дар чунин ҷойҳои серодам чизи муқаррар ба шумор равад. Вале ба ин писарак бархурда буд духтараке… Ва писарак бо ҳайрат менигарист ба ин духтарак. Ва духтарак ҳам бо ҳайрат менигарист ба вай…
Падари духтарак, яъне Ромиш ба мевахарӣ машғул буду инро эҳсос накарда буд. Ва амсоли духтараш хушҳол метофт ҳолиё Ромиш.
Писарак менигарист ҳамчунин ба ин мард-ба Ромиш, ки сурати ҷавонии варо модари худаш оварда буд ба иҷорахона. Ва аз тамоми зиндагии собиқа ҳамин суратро оварда буд ба иҷорахонаи нав модари писарак, яъне Лочувард…
Духтари Ромиш бошад менигарист ба писарак ва модари вай– ба Лоҷувард. Ва Лоҷувард ҳамон ҷавонзане буд, ки варо дар бемористон дида буд бо писараш ва пасон дида буд назди иҷорахонаи нави худашон, ки ҷавонзан он ҷо наистода, рафта буд.
Духтарак гӯё бовар намекард, ғайри беморхонаву иҷорахона дар ҷойи дигар ҳам вохӯрдан мумкин буда бо ин ҷавонзан ва писараш ҳамчунин…
Писарак ҳам яқин бовар намекард, ки дар ҷойи дигар ҳам вохӯрдан мумкин буда бо ин духтарак ва хоса дар ин бозор.
Ва ин вохӯрӣ дар бозор, чунон ногаҳонӣ буд, ки писаракро ҳам шах намуд. Модари писарак Лоҷувардро ҳамчунин.
Падари духтарак, яъне Ромиш ҳам духтари шахшудамондаашро ҳис карда, сӯе нигарист, ки вай менигарад. Ва дид писаракро ва модари вай– Лоҷувардро.
Ромиш ҳам шах шуда буд паҳлӯи духтараш ҳолиё.
Чор ҷисми аз ҳаракат монда ва карахт менигаристанд ба ҳамдигар дар ин бозори азамат, бозори пур аз мева, бозори пур аз нагҳат, бозори пур аз одам, бозори пур аз ҳаракат.
Писари Лоҷувард менигарист хоса ба ҷавонмард Ромиш, ки дар сурати бо худ овардаи модараш буд, вале модар аз чӣ бошад аз иҷорахонае, ки ин ҷавонмард дар як утоқи он маскан гирифта буд, рафта буд.
Ҳоло низ баъди чанде шахшавӣ модари писарак-Лоҷувард, аз чӣ бошад дасти писарашро гирифту аз ин ҷо дур гашт, гӯё мевахарӣ ҳам аз ёдаш рафта буд.

пешина
аз 59
навбатӣ