ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

- Ромиш хомӯш монда буд, балки пакар гардида буд. Маълум набуд ин суханҳоро ба гулфурӯш гуфта буд ва ё барои худаш гуфта буд.
Баъд духтарак Лоҷувард боз дар хобгоҳи донишҷӯӣ карахт менишаст.
Неъмат, ки даромада буд, инро ҳис намуд.
Лоҷувард ҳанӯз ба андешаи пурпечи худаш гирифтор буд.
– Чӣ ин қадар фикр карда, худатро азоб медиҳӣ-а? - сухани Неъмат буд.
Косахонаи фурунишастаи чашмони духтарак пур аз об гардид.
– Акнун хоҳӣ-нахоҳӣ фарзанди қадат аз ман. Вобастаи ин акнун бояд дахл дошта бошӣ ту ба падари фарзанди худат-афзуд: - Ҳар ҷинси латиф дер ва ё зуд майл мекунад ба падари фарзанди худаш.
Пардаҳои оби чашмони Лоҷувард қатра шуда, ба рухсораш чакид…
– Яъне умедат ҳанӯз ба Ромиш-а? Ҳҳмм. Уй, кадом ҷавон духтаре, ки номусашро ҷавони дигар соҳиб шуда, ба занӣ хоста? Хоса аз рӯи русуми диёри худамон. Хоса бо фарзанди бардамидаи шикамаш?...
Ромиш чунин давом медоду Лоҷувард овоз андохта, гиря мекард, балки бо овози гиряаш пахш кардан мехост гуфтори Неъматро, ки бас кунад суханҳои худашро вай.
– Яъне барои ин-барои шахси сеюм гиря мекунӣ ту? А? - расми танаи деворро ишора кард Неъмат, ки паҳлӯи Лоҷувард ва худаш буд сурати Ромиш низ. Балки дар як сурат буданд се нафар.
- Вале ман ӯро кайҳо буридаам аз ин сегона. Фақат дар ин сурат монда, ки... ҳозир...
- чанг зада, суратро аз танаи девор канду шахси сеюмиро аз он дарронда, ҷудо намуд.
«Шахси сеюм» аз сегона ҷудо шуда, ба замин афтод ҳамчун пораи дигар. Вай Ромиш буд, балки расми Ромиш буд.
Лоҷувард овоз андохта, баландтар гиря кард.
Аммо акнун чӣ метавонист кардан алайҳи ҳар чизе, ки шуда ва рӯй дода буд?
Ва як пора сурати аз сегона ҷудо рӯи гилем мехобид. Мехобид бо нигоҳи пурумеде.
Вале барои ӯ дигар чӣ умед монда буд, яъне чӣ умед монда буд барои Ромиш ҳолиё?
Барои Лоҷувард чӣ?
– Ту акнун хоҳӣ-нахоҳӣ зани ман шудӣ, инро худат медонӣ бо вуҷуди нахостанат, бовар накарданат... - ин сухан азони Неъмат буд.
- Фарзанди шикамат ҳам гувоҳи ин.
Як пора сурати аз сегона ҷудо рӯи гилем мехобид. Мехобид бо нигоҳи пурумед.
Балки болои он қатраи обе чакид, яъне чакид болои Ромиши дар сурат аксёфта. Шояд ин ҳам қатраи ашки чашмони Лоҷувард буд?...
…Ва дар дасти Лоҷувард ҳоло ҳамин сурати «сегона»– и аз ҳам ҷудо меистод.
Аммо ин акнун дар хобгоҳи донишҷӯйӣ ва ё дар хонадони Неъмат набуд, балки буд ин дар иҷорахонаи навёфтаи худаш. Иҷорахонае, ки Лоҷувард бо писараш баъди ҷустуҷӯи зиёд ва баъди зери борон монданҳо ва чанд рӯз овора шуданҳо дар ниҳояти ниҳоят дарёфт намуда, ин ҷо маскан гирифта буданд, яқинтараш ин ҷо барои худ маскан дуруст кардан хоста буданд онҳо. Зеро аз воқеаҳои собиқа, ки ба порасуратҳои аз ҳам ҷудокарда дахл дошт, аз байн гузашта буданд солҳо, балки солиёни зиёд.
Ҳаа, аз байн гузашта буд солҳо аз хонадории маҷбурии Лоҷувард бо Неъмат…
Ва боз чанд рӯзаке гузашта буд аз рафтани Лоҷувард аз хонаи Неъмат.
…Лоҷувард паҳлӯи писари коҳидааш, ки вай аз воқеаҳои пурпечи айёми навҷавонӣ рӯида буд ва ҳоло дар ин иҷорахонаи канораи шаҳр беҳол мехобид, беҳол нишаст. Ва аз андешаҳои пурпечи худаш ҳанӯз баромада наметавонист Лоҷувард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё