Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Лоҷувард дар гӯшаи каташ бештар ба худ печида, пахш хӯрд ва кадом овози номафҳӯм баровард.
Ромиш ба Лоҷувард менигарист.
Неъмат бошад менигарист ҷониби Ромиш.
– Хайр, ин дафъа даромадӣ, майлат,

  • чунин гуфт Неъмат барои Ромиш ҳоло.

Лекин… баъди ҳамин… ту дигар ҳуқуқ надорӣ ба ҳуҷраи Лоҷувард ворид гаштан?
Медонӣ барои чӣ? Барои он, ки вай минбаъд ба каси дигар дахл дорад. Яъне ба ман...
Нимурён буд ҳанӯз Лоҷувард. Либосҳояш хунолуд, хоса шалвораш. Дар лабу рухсораш ҷо-ҷо нишонаи макидану хоидану газидан эҳсос мегардид.
Ромиш нобовар менигарист ба духтараки чунин гардида.
Лоҷувард бештар ба худ лунда зада, гиря мекард ларзида.
– Не, ӯ саломат,

  • сухани Неъмат буд, ки нигоҳи пурҳайрати Ромишро ба Лоҷувард ба мушоҳида мегирифт.
  • Ва хуни ягон узваш нарехта.. Ҳаа… ғайри хуни…
    номусаш… Ва ин хуни нангу номусашро бахшида вай ба ман-Неъмат суханашро ба охир расонида буд.
    Лоҷувард сахттар гиря кард ва аз дарду ноилоҷӣ ва ҳайратзадагӣ фиғон кашидан мехост.
    Ромиш якбора ба такон омад ва дастони муштгаштааш бар Неъмат бархӯрд.
    Бархӯрд бо зарби ниҳоят гарон.
    Неъмати сахт таконхӯрда хуни лабонашро тоза намуд.
    – Акнун аз ин чӣ фоида-а? - ба ҷойи мушти ҷавобӣ задан гуфт Неъмат. Ва афзуд: - Миёни қавми мо бонуе, ки номусашро марде соҳиб шуда, марди баномуси дигар намегирад. Миёни қавми шумо чӣ, ҷаноби Ромиш? Аа?…
    Муғчагуле, ки ҳанӯз дар як дасти Ромиш буд, балки чанд ҷояш шикаста буд, ба фарш афтод. Муғчагул фитода буд рӯи либоси хунолудаи Лоҷувард.
    Ва кадом чиз гуфтан мехост Лоҷувард, аммо аз дарду алами зиёд наметавонист.
    Наметавонист аз он, ки чизи даҳшатнок рӯй додаву онро ислоҳ кардан мумкин нест, яъне бокира, яъне номуси духтариашро каси дигар рабуда, на оне, ки дӯсташ дошта буд...
    Ромиш нигоҳи пуризтиробу пурғазабашро ба Неъмат оварда буд боз.
    – Ман туро мекушам, зинда намемонам! - кафида буд Ромиш ба сари Неъмат.
    – Вале бо ин нангу номуси ин духтаракро баргардонида оварда метавонӣ магар? А?
    Нангу номусе, ки ман соҳиб шудаам...
  • ва боз афзуда буд.
  • Аз ин, ки ман бо вай хобидам дар қадаш фарзанд ҳам пайдо шуданаш аз эҳтимол дур не? Пас ту танҳо Лоҷувардро не, балки фарзанди маро ҳам қабул карда метавонӣ?… Аа?… Марҳамат агар тавонӣ!…
    Ромиш бештар беҳол шуда буд ҳоло.

– Вақтҳои охир муғчагул намехарӣ-а? - пурсид гулфурӯши дукони гул, ки аз Ромиш чашм намеканд.
…Ромиш ҷавоб нагардонд ва чашмаш рафт ҷониби Лоҷувард. Лоҷуварде, ки баромада буд аз хобгоҳ. Ба пеши бари бардамидаи вай назар андохт Ромиш. Лоҷувард, ки ба хайёлу ғумуми худ банд буд, шояд аз ин боис Ромишро надид ва нигоҳи варо эҳсос накард. Ва ё Ромиш худашро ба тарафе гирифта буд, ки Лоҷувард набинад варо?
Гулфуруш ҳанӯз мунтазир буд, ки Ромиш гуле мехарад барои Лоҷувард.
Аммо ба ҷойи вай Неъмат пайдо шуду аз думболи Лоҷувард рафт ва ба ҷавондухтар наздик шудан гирифт.
– Ҳол он, ки ту метавонистӣ гуле хариву биравӣ аз думболи вай,

  • гуфт гулфурӯш барои Ромиш.
  • Шояд духтарак ун ҷавона неву гули бурдаи туро қабул мекард-а…
    Ромиш, ки аз думболи Лоҷувард ҳамоно чашм намеканд, ниҳоят лабонаш ҷумбид:
    – …Дер шуд… Ҳаа… Фарзанди шиками вай ҳама чиро ҳал кардааст. Акнун чӣ метавонам кард, ки он фарзанд аз ман нест… Шояд, акнун ҳуқуқи маънавӣ ҳам надорам, ки…
пешина
аз 59
навбатӣ