Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Неъмат лаҳзае гаранг монд.
– Ро-ми-иш-ее!!!
Кадом чизе ба хотири Неъмат расиду осемасар аз киссааш рӯймолча баровард ва ба димоғи духтарак пахш кард.
Лоҷувард гаранг шуда, беҳол гардид, дастонаш суст шуда, оҳиста ба ду тараф фаромаданд.
Неъмат боз ба сурате нигарист, ки Лоҷуварду Ромиш гӯё ба ҳам часпида буда, муғчагул ҳам ба онҳо такя зада буд ва партави маҳтоби паси тиреза ба онҳо мерасид.
«Гумон кардед, аз ман ғолибтаред ҳардуи шумо ва бе ман ҳарчӣ хоҳед, мекунед?
Вале… Ҳоло пурра нашнохтаед, маро шумоён!»– Неъмат пеши бари духтаракро бикшод. Гӯё чоки гиребони субҳ буд он ҷо: покиза буд, беғубор буд, синаҳои мармарини сермушаки суфтаи таранге метофт он ҷо…
«Ман ҳамеша ҳама чиро, ки хоҳам, кӯшиш мекунам, гирифта бошам. Бо кадом роҳе набошад, гирифта бошам» – Неъмат миёни зонувони духтарак, ки худ урён карда буд, ворид шуд.
Ва аз зарби миёни ронҳош духтараки беҳушшуда, яъне Лоҷувард такон хӯрд...
Такон такрор шуд ва такрор шуд…


…Лоҷувард даме ба худ омада буд, ки дар рахти хобаш танҳо монда буд. Сафедии рӯзи нав медамид. Духтарак пеши барашро урёну синаҳояшро намоён дарёфта буд.
Дар куртааш ва хоса миёни сонҳош чизи сурх метофт, яқинтараш он ҷо хун буд.
Духтарак якбора овози ба нидо ва ё эҳсоси номутаносиб монанд баровард, ба ларза ва такон омад. Тамоми ҳастии вай гиря мекард ҳолиё.
Ногаҳон паси пардаи ашкҳояш дар гӯшаи ҳуҷраи худаш Неъматро бидид, ки нишаста ва аз стакан чой менӯшад баҳазӯр.
– Фарёд бароварданиӣ ту? - тамоман оромона гуфт Неъмат, ки аз Лоҷувард чашм намеканд.

  • Мардумро ба мадад даъват карданиӣ? Ромишро ҳам? Аа? Фарёд кун-е.
    Ромишатро ҳам биёр ин ҷо!… Аа? Ин акнун ба фоидаи ту мешавад магар?
    …Фарёд дар гулӯи Лоҷувард дармонда буд… Охир дигарон варо ба ин аҳвол бинанд агар… Ба ин аҳволе, ки ҳоло ҳаст, бинанд-агар…
    Тамоми ҳастии Лоҷувард меларзид.

Донишҷӯён, ки аз хобгоҳ мебаромаданд, гузашта мерафтанд, яъне барои ба дарс расидан шитоб доштанд.
Ромиш назди дукони гул қарор гирифта, як дона муғчагул хариду мунтазир истод.
Албатта мунтазири Лоҷувард буд. Лоҷуварде, ки дина шаб тулонӣ ҳамроҳаш буд дар театр ва пасон дар кӯчаҳои шаҳристон.
Аз хобгоҳи холишаванда донишҷӯён торафт кам мебаромаданд, баъд дигар касе намонда буд он ҷо, шояд ҳама баромада рафта буданд ҷониби дарсхонаҳо.
…Аммо Лоҷувард аз хобгоҳ набаромада буд.
Ромиш хавотир шуд, ҳарчанд ба дарс шитобидан лозим буд, вале вай қафо баргаштҷониби бинои хобгоҳ рафт.
Дар дасташ буд ҳамоно муғчагули харида.
Сӯи ҳуҷраи Лоҷувард мерафт Ромиш.
Ба паси дари ҳуҷраи духтарак расида, онро тақ-тақ кард.
*
Лоҷувард ба кати хобаш бештар фишор хӯрда буд аз шунидани овози тақ-тақи дар.
– Лоҷувард,

  • овози Ромиш буд.
    Духтарак ба кати хобаш бештар фишор хӯрд.
    Аммо Неъмат, гӯё ҳуҷраи хоби худаш бошад, баҳазӯр хесту бепарво дарро кушод.
    Ба Неъмати нимурёни андаруни ҳуҷраи Лоҷувард нобовар нигарист Ромиш. Бештар ба ҳайрат омада буд акнун вай.
    – Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ-а? - аз кадом чиз хавотир шуда, пурсид Ромиш аз Неъмат.
    – Ин ҷо чӣ мекунаму чӣ не, иҷозаи туро намегирам.
    Хавотирии Ромиш, ки аз ҳад гузашта буд, ниҳоят Неъматро тела доду ба дарун ворид гашт.
пешина
аз 59
навбатӣ