Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ромиш бо нигоҳ ба дари Лоҷувард ва барои духтарак пичиррос зад:
– Хоби хуш…

  • тоб хӯрд, ки биравад.

Баъди рафтани вай толор муддатҳо хомӯшу пурсукут монд. Пасон аз ҳамон кунҷи торики долони дарозо, ки то ин дам шарфа ва овозҳо аз он ҷо мерӯида, Неъмат падид омад, ба рушноӣ баромад.
Неъмат дар долон муддате истод, пасон оҳиста ба дари Лоҷувард наздик шуд, онро тела дод. Дар аз дарун маҳкам гардида буд.
Тарсасе баромад, гӯё боз шаппотие зада бошанд бари рӯи Неъмат, ки ноайён такон хӯрд.
Аммо тасаввураш буду дар асл овоз аз афтидани кадом чизе аз рӯи миз ва ё кати Лоҷувард рӯи фарш сар зада буд.
Лоҷувард хам гардида, чизи афтодаро, яқинтараш оинача ва шонаро бардошта, болои миз гузошт. Баъд либосҳояшро кашидан гирифт барои ворид шудан ба ҷойгаҳ.
Ва тани булурини нозанинаш, ки тани фариштаҳо барин буд, намоён гардид.
Дар қаъри чашмони Неъмат, ки аз калиддаро инро медид, кадом хайёлҳо гардиш хӯрданд, кадом эҳсоси зиёд ҳамчунин.
Лоҷувард пеш аз он, ки ба ҷойгаҳ дарояд, ба муғчагули ҳадякардаи Ромиш нигарист, табуссуми нарм гирди лабонаш дамид, гулро ба банкаи обдор гузошт ва маҳз ба он тарафи сурати сенафарон наздик бурд, ки худаш буду Ромиш ва баъдан ба ҷойгаҳаш ворид гардид.
Калиддаро, ки Неъмат ба он менигарист, тира шуд: зеро Лоҷувард чароғро кушта буд.
Паси дар Неъмат боз каме хайёлманд истод, баъд қафо баргашт, вай ҳам ҷониби ҳуҷраи худаш рафт.
Ва паси мизи ҳуҷрааш хайёлманд биншаст тулонӣ Неъмат.
…Ва чун ақрабаки соати гӯшаи миз ду соати дигарро тай зада ва хуфтан кайҳо гузашта буд, Неъмат, ки кадом калидҳо ба даст гирифта буд, руймолчаро бо моеи шишачае тар кард, ба киса гузошт.
Вай боз пайдо гардида буд паси дари ҳуҷраи духтарак, дар долони дарози тамоман холимондаи бекаси хобгоҳи донишҷӯӣ.
Ва паси дари ҳуҷраи Лоҷувард чанде андешаманд истод, пасон аз киссааш калидҳо баровард, санҷиданӣ шуд, ки бо кадоми ин дарро кушода метавон?
Баъд кушода тавониста буд дарро Неъмат.
Лоҷувард хоб буд, партави зарҳалини маҳтоби рӯ ба рӯи тиреза ба чеҳрааш расида ҳувайдо мекард дар он умедворие ва хушбахтии ниҳони ҳастии духтаронаро. Мисли муғчагули навшукуфта метофт Лоҷувард, ҳамон муғчагул, ки рӯи миз, андаруни банкаи обдор меистод қариби сурати сенафарон. Балки муғчагул дар он тарафе меистод, ки Лоҷувард ва Ромиш дар сурат гӯё часпида буданд ба ҳам. Ва шояд Ромишро хоб медид ва ё дар хобаш ба вай сӯҳбат дошт ҳанӯз Лоҷувард.
Неъмат тарафи духтараки хобида хам гардид. Лабашро ба лаби шукуфтаи Лоҷувард наздик бурд ва ҳатто ба он оҳиста расонид…
Духтарак оҳиста чашм кушод. Баъд гуё аз кадом чизе тарсида бошад бо шаст дар гӯшаи кат тани нимурёнашро лунда кард.
– Эъ?! Дарро маҳкам накарда будаму?…
– Ҳама қулф барои кушодан аст,

  • овози Неъмат буд бо пичирроси тамоман ором.

Албатта, барои онҳое, ки кушода метавонанд,

  • афзуда буд ҳатто вай.
    – Ман дод мезанам! Ҳамаро ба сарат меорам...
  • духтарак гӯё илоҷи дигар наёфта буд, ки чунин гуфт.
    – Ромишро ҳам меорӣ ба сари ман? - саволи Неъмат буд.
    – Набошад чӣ? - овоз баланд кард Лоҷувард: - Ро-ми-иш! Ро-ми-иш-ее!
пешина
аз 59
навбатӣ