ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

- ва зӯр зада, афзуд: - Рафтем, акнун…
Гулфурӯши дукон аз думболи ин ду навҷавони навошиқ менигарист бо завқи хоса.
Менигарист, ки чӣ хел Лоҷувард муғчагули ба вай дарозкардаи Ромишро ниҳоят гирифт ва кадом ғубори номуайянеро, ки дар андом дошт ва дар миён пайдо буд, оҳиста дур афканд ва қиёфааш боз мутассил меҳрубонӣ ва лабханди ширину хосаи навҷавонӣ ва навошиқӣ пайдо мекард ҳолиё.
Аммо Неъмат нохуш буд, ки аз канорае ҳамаи инро ба мушоҳида мегирифт.
Неъмат бештар фаҳмида буд, ки ҳарчӣ дили худаш хоҳад, акнун, нахоҳад шудан…
Магар нахоҳад шудан дигар?
…Баъд Лоҷувард ва Ромиш дар театр паҳлӯи ҳам буданд, якҷоя аз намоиши дроми «Э, ошиқон, э ошиқон» ба шавқ меомаданд.
Онҳо мамнун буданд паҳлӯи ҳамдигар.
Неъмат бошад танҳо менишаст дар ҳуҷраи хобгоҳ ва сахт ба андешаи худ печида буд. Гӯё Ромишу Лоҷувардро, мамнунии онҳоро аз наздик мушоҳида мекард, ё дар тасаввур медид ва авзояш тағир мехӯрд. Баробари ин ба кадом қарори дигар меомад мутассил вай. «Гумон кардед, ғолибтаред ҳардуи шумо аз ман ва ҳарчӣ хоҳед, мекунед бе ман? - овози ботинии Неъмат буд, албатта.
- Наход-е?!…»
…Ромиши болида ва Лоҷуварди рӯҳгирифта бехабари ин ҳама аз театр мебаромаданд. Ва дар кӯчаҳо қадам мениҳоданд мамнун, ба мошине наншаста буданд, ки ба хобгоҳ зудтар расонад унҳоро. Балки ҷое шитоб надоштанд ҳарду, балки паҳлӯи ҳамдигар зиёдтар ва зиёдтар қадам ниҳодан мехостанд ва паҳлӯи ҳам зиёдтар будан мехостанд дар кӯчаҳои шабонаи шаҳристони азамат...
Паҳлӯи ҳам мерафтанд чунин тулонӣ ва мерафтанд паҳлӯи ҳам онҳо.
*
Чун ба хобгоҳ расиданд, аз миён чанд соати дигар даргузашта буд. Ромиш ҳоло Лоҷувардро то дами дараш оварда буд.
Ва рӯ ба рӯи ҳам истоданд онҳо дами дар ва гӯё нафаси ҳамдигарро эҳсос мекарданд бештар ва ё мекофтанд нафаси ҳамдигарро ва рӯяшон ба ҳам наздик меомад…
Вале кадом шарфаи по ва ё овози дигар ба гӯш расиду ба ин халал расонид.
Чун овоз гум шуд, онҳо-Ромишу Лоҷувард боз ба ҳамдигар нигаристанд ва акнун лабҳои онҳо мекофт лаби ҳамдигарро. Шояд мерасид ин лабҳо ба ҳамдигар ин маротиба.
Вале кадом шарфа, ё овози дигар омад, ки боз халал расонд ба ҳамаи ин.
Онҳо мехостанду вале боз овози по, ё шарфае...
– Шаби хуш…
- ниҳоят гӯё дигар илоҷ наёфта, овоз баровард Лоҷувард.
– …Ба ту ҳам… - дилкашол монд Ромиш, ки ноилоҷ гуфта буд чунин.
Бо вуҷуди ин дилкашолии ниҳон рӯ ба рӯи ҳам медошт онҳоро ҳанӯз ҳам.
Вале кадом шарфаи по шуд ва ё овози дигар такрор омад аз долони дарозо…
Дигар ҳаминаш монда буд, ки духтарак ворид шавад ва Ромиш монад дар берун, паси дари ҳуҷра.
Бо вуҷуди ин Лоҷувард дилкашол монда буд ба ҷавонмард Ромиш, ки шояд барои ҳамин пушти дари пӯшондаи худаш пахш кард тани пурэҳсоси ба ҷавонӣ ва нерӯ моломолашро. Лоҷувард ҳоло канда-канда нафас мегирифт аз эҳсосу ғаллаёни ҷавонӣ.
Ромиш ҳанӯз ин ҷо истода буд. Шояд мехост ба ҳуҷраи Лоҷувард ворид шавад.
Аммо боз кадом шарфа буд ва кадом овозе дар толори дарози хобгоҳ, ки такрор гардид.
Ромиш акнун эб надид дари ҳуҷраи духтаракро тела дода кушояду ба ҳуҷраи вай ворид гардад… «Шояд ин аз рӯи одоб ҳам набошаду…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё