ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Лоҷувард боз нобовар ба Неъмат назар андохта буд.
– ...Муносибати ману Ромиш масъалаи дигар,
- ниҳоят ба сухан омад Лоҷувард, ки ба хайёли амиқтар рафта буд.
- Ту агар дӯсти мо бошӣ, инро бояд фаҳмӣ…
– Чӣ хел масъалаи дигар, ҳамааш як масъала-– масъалаи муносибат бо ту.
– …Чизе, ки байни ману Ромиш ҳаст… - баъди хомӯшие, зӯр зада, ба забон овард боз Лоҷувард,
- чизи дигар аст… Вай аз дӯстӣ ҳам… аз дӯстӣ зиёдтар…
– Ва он чизе, ки байни вай ва ту бошад, чаро набошад байни мо?
Лоҷувард бо ҳайрат ба Неъмат менигарист:
– Чиҳо мегӯӣ ту-а? Худат бояд донӣ, ки… Баъзе чизҳое мешаванд, ки… Аз рӯи хости дил… ун чиҳо…
– Аммо бояд донӣ: Ромиш чӣ қадаре ба ту ҳуқуқ дорад, ман низ… - Лоҷувардро тарафаш кашидан хост Неъмат.
Духтарак танашро ва рӯяшро яктарафа бурд; аз Неъмат дур бурдан хост.
Неъмат ба сурати танаи девор, ки сенафарон якҷоя буданд, аз нав ишора намуд:
– Агар мо сенафарони ҷудонашаванда бошем, пас… Пас ба ҳама чиз якхела ҳақу ҳуқуқ дорем. Ҳамту не? Ба муҳаббат ҳам…
– Муҳаббат… - Лоҷувард лаҳзае андеша мекард.
- Муҳаббат ба ду нафар дахл дорад, сеюмиро дар он, ҳамеша, «зиёдатӣ» номидаанд...
– Ин хелашро қабул карда наметавонам ман. Охир ман ҳам ҳуқуқ дорам ё не?…
Лоҷувардро буса карданӣ шуд Неъмат.
– Ту чӣ кор карда истодӣ-а? - безобита гардид Лоҷувард.
– Чизе, ки мебинӣ,
- якбора ба духтарак часпид Неъмат, ҳатто Лоҷувардро рӯи кат афтонд.
– Чӣ кор карда истодӣ-а?! Девона!
– Бале девонаи ту шудаам кайҳо. Чаро намефаҳмӣ инро, аққалан як бор?
– Ман каси дигарро фаҳмидан мехоҳам. Мефаҳмӣ инро худи ту?… - нидои Лоҷувард буд.
– Не, намешавад, вақте ки мо се нафар дӯст бошему...
– Безор кардӣ бо «сенафарон»– у, «сенафаронат»! Охир баъзе чизҳо ҳаст, ки дахл дорад фақат ба ду нафар!
Духтарак Лоҷувард бештар муқобилият мекард.
Неъмат бошад варо сахттар пахш карда, бӯсиданӣ мешуд…
– Ман фарёд мекунам…. Даъват мекунам… Ромиша ин ҷо, ба сарат-ҳатто овоз баланд кард: - Ро-ми-иш!!!
Неъмат, ки як лаҳза суст шуда буд, ҷавондухтар ду дасташро рӯи пештанаи вай тир карда, варо тавонист аз болои худаш тела дода, дур афканда бошад.
Балки ҳарду аз кат афтода буданд ҳолиё рӯйи фарш.
Лоҷувард, ки бо ҷадала хеста буд, Неъматро, ки хестан мехост, шаппотие фаровард, ҳарчанд аз ин зарба худаш ҳам гӯё як қад парид… Ва дасташ дар осмон муаллақ монд; маълум мешуд, дар умри сараш касеро боре шаппотӣ назада буда то ҳоло…
…Назди дукони гулфурушӣ, ки пешаш сабадҳои гул, бо тарзи зебо чидагӣ буд, Ромиш, ки ҳамчунин либоси зебо ба бар карда буд, мунтазирӣ мекашид. Балки муғчагуле харида буд аллакай аз гулфурӯши ин ҷо барои Лоҷувард. Ба соат ҳам менигаристу пасу пеш қадам мениҳод. «Лоҷувард куҷо шуд-а, чаро вақти ваъдагӣ намеояд-а?»– яқин чунин маънӣ дошт изтироби Ромиш ҳолиё.
– Дер кардӣ-а? - Лоҷувардро ниҳоят дида, пурсид вай.
Лоҷувард сурху сафед мегардид ҳанӯз ҳам.
– Хайр… зиндагӣ… - забон хоид Лоҷувард.
- Чунон гардишҳое доштааст ин зиндагӣ, ки…
– Кадом гардиш?… - нафаҳмид Ромиш изтироби ҳозираи духтаракро.
- Шояд мадад лозим барои кушодани ин гиреҳ?
Лоҷувард гӯё кадом чиро гуфтан мехост, вале гӯё ун ҳамаро чизи гузаранда пиндошта буд, ки даст афшонд:
– Хайр… гузашт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё